Дар доираи омодагиҳои ба истиқболи Рӯзи Модар дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши фаъолони шаҳр баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур дар маҷмааи “Дуои Модар” гузаронида шуда, барои гиромидошт ва арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои модарони тоҷик дар зери муҷассама гулчамбар гузоштанд.
Дар ҳамоиши идона, ки “Фатҳу кушоиш орад, дасти дуои Модар!”- унвон гирифта буд, раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, занони барӯманду пирони рӯзгордида ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд. Пас аз гулчамбаргузорӣ Мавсума Муинӣ баромад намуда, қайд кард, ки зан-модари тоҷик ҳазорҳо фарзонафарзандро ба дунё овардаву ба камол расонидааст, ки имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногун пешбаранда мебошанд.
Дар охир пирони рӯзгордида баҳри ободонии кишвар ва сарбаландии халқи тоҷик дасти дуо бардоштанд.
Ёдовар мешавем, ки маҷмааи “Дуои Модар” дар саҳни фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд санаи 7-октябри соли 2021 дар доираи ҷашни 30-соалгии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат мавриди истифода қарор гирифта буд. Муҷассамаи азим, ки даст ба дуо бардоштани модарро таҷассум менамояд, дар ҷумҳурӣ аввалин мебошад.
Фаррух Усмонов