Қиссаи як зани маккор, ки бо макру фиреб духтарони содаву зудбоварро ба дом афканда ба Дубай бурда, ба фоҳишагӣ мефурӯхт
Хок бар сари камбағалӣ
Мадина аз оилаи камбизоат буда, дар шаҳри Душанбе ягон хешу табор надошт. Аз ночорӣ ӯ қариб 10-12 рӯз дар як мағоза шабҳоро саҳар карда, билохира ба доми Мавлуда афтид. Вазнин будани аҳволи ин духтари бекасу кӯйро дида, Мавлуда гӯё аз рӯйи дилсӯзӣ ба ӯ дар Дубай кор пешниҳод кард. Ғофил аз мақсади аслии ин зани дар ҳилла гум Мавлуда аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид ва гаштаву баргашта ба ӯ ташаккур гуфта, дар ҳаққаш дуои нек мекард, вале...
Пас аз он ки Мавлуда тамоми ҳуҷҷатҳоро тахт карда, Мадинаро ба Дубай фиристод, духтар ба доми фиреб афтоданашро дарк кард. Инобатхон мисли аждар рӯз то рӯз баднафстар мешуд ва хуни духтарони ба дом афтидаро мемакид. Ин зани ҷаллод Мадинаро якбора даҳ ҳазор доллар қарздор карда, гуфт, ки то ин пулро кор карда надиҳад, аз хати кашидаи ӯ берун намебарояд, вагарна аз зиндагӣ умед накунад.
Ҳамин тавр, Мадина ҳам бо касофатии Мавлуда ва Инобатхони шайтонсират дар Дубай ғуломи шаҳвонӣ ва фоҳиша шуда монд...
Сеғарадухтари бадбахт
Сарнавишти Моҳрӯ аз ҳама дардноктар аст. Худованд ӯро барвақт аз падару модар маҳрум гардонида, дарду ғам ва ранҷу азоби ятимиро насибаш гардонида буд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, бахт ба рӯяш нахандиду аз шавҳараш ҷудо шуда, тамоман бе хонаву ҷой монд. Пас аз чанд вақт бо Мавлуда шинос шуд. Ин зани худонотарс аввалҳо худро меҳрубон нишон медод ва такудави бисёр карда, барои ӯ ҳуҷҷат тайёр кард. Он вақт Моҳрӯ ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки мақсади асосии ин зан на некӣ кардан ба вай, балки пули ҳаром кор кардан аст. Чашмони ин духтари ятим танҳо баъди ба Дубай сафар кардан кушода шуданд, зеро Инобатхон ӯро низ мисли дигар духтарон қарздор карда, зӯран ба ғуломи шаҳвонӣ табдил дод ва ба фоҳишагӣ маҷбур намуд. Моҳрӯ ба тақдири бадаш лаънат хонда, ҳар рӯз ночор ҳамроҳи дигар духтарон ба дискоклубҳо мерафт ва бо мардони синну сол ва миллаташон гуногун ошно шуда, маблағи аз ин роҳи калон ба даст меовардаашро ба Инобатхони далла медод, то ки зудтар аз қарз халос шуда, ба Ватан баргардад...
Бозгашти Парвона ва фош гаштани сирри даллаҳо
Парвона, ки пештар ҳаргиз қадам ба роҳи бад нагузошта буд, дар Дубай ҳам азоби ҷисмонӣ ва ҳам азоби рӯҳӣ мекашид. Ҳамин тавр аз ғаму дарди бисёр ӯ ба бистари беморӣ афтида, аз Инобатхон хоҳиш кард, ки барояш чипта харида ба ватан гуселаш кунад, вале ба ҷойи кӯмак кардан ин зани бераҳм ҷангу ҷидол бардошт, ки ҳанӯз қарзаш адо нашудааст ва ба ҳеҷ куҷо рафта наметавонад. Парвона, ки нисбат ба дигар духтарон ҳушёртар буд, илоҷе карда, як рӯз ба яке аз дӯстонаш ба Тоҷикистон занг зада, тавалло кард, ки барояш чипта равон кунад. Ҳамин тавр бо кӯмаки ҳамон марди меҳрубон, ки аз рӯйи одамгарӣ ба ин духтари фиребхӯрда дасти мадад дароз намуд, Парвона аз Дубай фирор карда, аз доми ғуломии шаҳвонӣ раҳоӣ ёфт ва ба Тоҷикистон баргашт...
Як бор ҷасти малахак....
“Офтобро бо доман пӯшида намешавад” гуфтани халқ беҳуда нест, Мавлуда бо баҳонаи муҳоҷират ба Русия рафта, гумон дошт, ки сирру асрори духтарфурӯшиаш пинҳон мемонад, вале баъди бозгашти Парвона аз Дубай ҳақиқат рӯйи об баромада, ин зани ҷинояткор ба дом афтид.
Ҳамин тавр бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гуноҳи ин зани духтарфурӯш исбот шуда, ба мӯҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Оқибати баднафсию беандешагӣ ҳамин аст!
Қосимзода М., судя
Ф. Сатторӣ, журналист
Р/С
Мавод дар асоси маводҳои парвандаи ҷиноӣ ва ҳукми суд таҳия шуда, танҳо ба хотири ҳимояи шаъну шарафи инсониашон номи духтарони фиребхӯрдае, ки ба доми ин ду зани духтарфурӯш афтидаанд, иваз карда шудааст.
анҷм