arzon replenishment
МАВЛУДА ОБИДОВАРО ҒАМИ ФАРЗАНД КУШТ
8120

Шоми дирӯз дар шаҳри Конибодом қалби маликаи саҳнаи тоҷик Мавлуда Обидова аз тапидан бозмонд. Марги ин ҳунарманди асил барои фарҳангу ҳунари миллат талафоти бисёр бузург ва ҷуброннашаванда маҳсуб меёбад.

Ин зани фариштарӯву фариштахӯ беш аз 50-соли умри пурбори хешро сарфи ривоҷу равнақи санъати тоҷик намуда, дар саҳнаи театр, кино ва телевизион садҳо нақши мондагор офаридааст. Мавлуда Обидова аз зумраи устодони театри тоҷик ба шумор рафта, мактаби хоси ҳунарии худро дошт. Мухлисони сершумораш Мавлударо ҳамчун маликаи саҳна парастиш намуда, сидқан дӯст медоштанд, эҳтиром мекарданд ва гулборон менамуданд, аммо...

Ба лаб хандаву дар дил дардҳои зиёде дошт ин зани малакутӣ. Марги писари бофарҳангаш Ҷамшед Обидов, ки чанд сол қабл ба таври ноҳагонӣ аз олам даргузашт, қомати Мавлударо шикаст ва захми сӯзоне дар ҷонаш ниҳод.

Пас аз ин фоҷиаи ҷигарсӯз дунёи Мавлуда якбора такорӯ шуд. Зиндагӣ баъди марги фарзанд дар назараш пуч ва бемаънӣ менамуд, аммо дарду аламҳояшро пеши касе ифшо намекард. Табиатан зани қавиирода буд ӯ ва мекӯшид захмҳои сӯзони ҷонашро дар қаъри дилаш ҳарчи амиқтар пинҳон созад. Ягона шоҳиди ашкҳои хунини ин модари зор болини зери сараш буд. Мавлуда Обидова баъди марги писари нозанинаш Ҷамшед бештар ба нақшҳои драммавӣ рӯ оварда, дарду аламҳои дилашро аз забони қаҳрамонон мегуфту мегуфт, аммо...

Билохира, маҷбур шуд ба хотири парастории духтари ягонааш, ки чандин сол боз аз беморӣ азият мекашид, театри Лоҳутро тарк созад.

Мавлуда рафт ба зодгоҳаш шаҳри Конибодом. Рафт то театрро, мухлисони сершуморашро, мардуми шарифи тоҷикро, ки аз ҷон бештар дӯсташон медошт, абадан тарк бигӯяд.

Қабли ин ҳунармади нотакрор ба фоҷиаҳои зиндагӣ, ба ғаму дарду доғи фарзанд тоб наоварда, шоми 1-уми сентябр аз сактаи дил аз олам гузашт.

Мавлуда Обидова аз ин дунёи ду дар даргузашт, вале тавассути нақшҳои зебову такрорнашавандааш дар дилҳои мо ҳамеша зиндаву ҷовид хоҳад монд. Ёдат ба хайр, эй маликаи саҳнаи тоҷик!

(Гузориши видеоии моро дар бораи Мавлуда Обидова шоми имрӯз аз ютуб-канали Оила. ТЧ интизор бошед! )

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД