Ҳафтае қабл чанд порча аз тӯйи Матлуба Раҳимова, овозхони нобино ва 33-солаи тоҷик ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Хабари арӯсии Матлуба Раҳимова то андозае хабари тӯйи Сурайё Қосимоваро ба гӯшаи фаромӯшӣ бурд. Ҳамагон ба Матлуба бахти сафед орзу карда, ӯро ба муносибати базми хонадоршавиаш муборакбод мегуфтанд.
Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, дида мешавад, ки Матлуба аз сарнавишти худ розист ва мисли дигар арӯсон дар сари тахт нанишаста, баръакс бо либоси арӯсӣ дар саҳна ин сӯву он сӯ медавад, то меҳмононро шахсан худаш пешвоз бигираду гусел кунад. Сурайё Қосимова, Фарзонаи Хуршед, Моҳира Тоҳирӣ, Орзу Исоев ва дигар ҳунармандону меҳмонон шодишарики Матлуба буданд ва ӯро дар рӯзи хурсандиаш танҳо нагузоштанд. Матлуба Раҳимова зодаи ноҳияи Ёвон буда, дар ансамбли давлатии “Фалак”-и назди Кумитаи телевизион ва радио фаъолият дорад. Соли 2008 баъди баромадаш дар ҷашни “Фалак” президент ба ҳунараш баҳои баланд дода, ӯро ба пойтахт овард ва барояш манзили истиқоматӣ ҳадя намуд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, бо Матлуба тамос гирифтем, то табрикаш намуда бошем. Бо вуҷуди серкорӣ ва надоштани фурсати кофӣ, Матлуба ба хотири мухлисонаш ба чанд суоли мо посух дод, ки фишурдаи онро пешкаши шумо месозем.
-Салом, Матлуба. Оиладор шуданатонро шунида, дарҳол ба суроғатон афтодем. Хонадорӣ муборак шавад!
-Салом. Ташаккури зиёд. Худованд ин рӯзро ба ҳар як ҷавони тоҷик насиб гардонад.
-Моро ба тӯятон даъват накардед-ку!
-Рости гап, аз кормандони ҳафтаномаи “Оила” фақат рақамҳои телефони Рустам Азимиро дорам. Ба он кас занг задам, то кулли кормандони “Оила”-ро ба тӯям даъват кунам, вале гӯширо набардоштанд. Рақамҳои телефони каси дигарро, ки надоштам, ночор мондам. Ман аз шумо як зиёфат қарздор. Сиҳату саломат ҳамроҳи домод ба Душанбе баргардем, ҳатман як оши палов пухта, ҳамаатонро ба меҳмонӣ даъват мекунам.
-Издивоҷ бо шавҳаратон интихоби худи шумо буд ё аз волидонатон?
-На, интихоби худам буд. Волидонам заррае садди роҳам нашуданд ва чизе ҳам нагуфтанд. Шавҳарамро дербоз мешинохтам ва дар насибамон будааст, ки санаи 28-уми сентябр оиладор шудем. Аз интихоби розӣ ҳастам ва алъон шикояте надорам.
-Агар махфӣ набошад, шавҳаратон кисту чӣ кора аст?
-Як ҷавони оддӣ аст. Дар бораи кӣ ва ба чӣ кор машғул буданаш, бигзор махфӣ бимонад. Аслан, дӯст намедорам, ки зиндагии шахсиам мавриди муҳокимаи мардум қарор бигирад. Муҳимтар аз ҳама, шавҳарам ҷавонмарди беҳамто ва тиллоист. Худо кунад, ки то охири умр хушбахт ва дар канори ҳам бошем.
-Гуфтагӣ барин, тӯятон ба давраи COVID-19 рост омад. Базми хонадоршавиатонро дар кадом вазъият баргузор кардед?
-Бовар кунед, он қадар меҳмони зиёд даъват накарда будем, зеро вазъият ба худатон маълум аст. Аммо тамошобинон зиёд буданд, чун тобноктарин ситораҳои санъат ба муборакбодиам омада буданд.
-Аз ин пас дар зодгоҳатон зиндагӣ мекунед ё дубора ба шаҳри Душанбе бармегардед?
-Маросимҳои баъди тӯй хотима ёбанд, ҳамроҳи домод ба Душанбе бармегардем ва зиндагиамонро дар ҳамон хонае, ки Пешвои миллат бароям ҳадя карда буданд, идома хоҳем дод. Аз фурсати муносиб истифода бурда, тариқи ҳафтаномаи “Оила” миннатдории худамро ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ғамхорамон мерасонам.
-Минбаъд низ овозхонӣ мекунед ё тарки саҳна карда, дар хона менишинед? Домод дар ин бора чӣ мегӯяд?
-На, саҳнаро тарк нахоҳам кард. Дур кардани ҳунарманд аз саҳна мисли он аст, ки фарзандро аз модараш дур мекунанд. Домод зид нест ва ман ҳунарамро идома хоҳам дод.
-Бори дигар муборак бошад, Матлубаҷон. Аз даргоҳи Яздони пок бароятон бахти сафеду толеи баланд хоҳонем. Дар канори ҳам қӯшапир шавед!
-Ташаккури зиёд, миннатдорам аз шумо!