Sebiston new 2024 october
Марям Исоева: Руҳи ман шикастнопазир аст!
09.05.2022
Оила
1652

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, модари саҳнаи тоҷик Марям Исоева 85-солашуду ин шабу рӯзҳо серкор аст: дар намоиши нави театр тамрин мекунад, ба шаби эҷодиаш омодагӣ мебинад, китоби навашро ба чоп омода мекунад, бо журналистон мусоҳиба меорояд, дар сабти филми ҳуҷҷатӣ банд аст...

60 сол дар саҳна
-Муаллима, мавлудатонро чӣ гуна таҷлил кардед?
-Ман тамоми умр миёни мардум будам ва шодиву нишотамро ҳамеша бо мухлисонам тақсим мекунам. Ҷашни мавлудамро низ бо мухлисон таҷлил кардам. Имсол бахшида ба 60-солагии фаъолияти эҷодӣ ва 85-солагии банда дар Театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода шаби эҷодии банда баргузор мешавад. Мухлисонамро ба ин маҳфилҳо даъват мекунам.
-Шумо соли 1961 ба Театри Лоҳутӣ омадед. Яъне, ин 60-умин мавсими театрӣ аст, ки рӯйи саҳна ҳастед.Чӣ эҳсосот шуморо фаро гирифтааст?
-Кушодашавии мавсими театрӣ эҳёи дигар бораи мо ҳунармандон аст. Гарчанде пардаи театр дар тирамоҳ боз мешавад, вале ин сана барои ман баҳорро мемонад. Дар беруни театр табиат ба зимистони сард меравад, дар дохил бошад,гулҳо мешукуфанд, парандаҳо ба хониш медароянд, ҷавонон ошиқ мешаванд, зиндагӣ эҳё мешавад… Ин муъҷизаи театр аст. Банда дар ин шаст сол 6 насли ҳунармандони тоҷикро дидам ва бо онҳо кор кардам. Ифтихор мекунам, ки бо Муҳаммадҷон Қосимов, Тӯҳфа Фозилова, Ато Муҳаммадҷонов, Хайрӣ Назарова, Аслӣ Бурҳонов, София Тӯйбоева, Гулчеҳра Бақоева, Маҳмудҷон Воҳидов ва дигар бузургон саодати ҳамкорӣ насибам гашт ва шукргузор аз тақдир ҳастам, ки имрӯз ҳам рӯйи саҳна ҳастам ва боҷавонон кор мекунам.
-Дар солҳои 50-ум барои духтари тоҷик актриса шудан ҷасорат талаб мекард. Чӣ шуморо ангеза дод, ки ба ин ҷодаи душвор қадам монед?
-Тақдир маро ба ҳунарпайваст, зеро ба пайроҳаи пурпечутоби санъат қадам мондани ман ногаҳонӣ буд. Ман аз ибтидо мехостам ҳуқуқшинос шавам, зеро фанҳои гуманитариро ҳини мактабхонӣ дӯст медоштам. Чун хабар ёфтам, ки дар Донишкадаи кинематографияи шаҳри Москва қабули ҳуҷҷатҳо шурӯъ шудааст, хостам худамро санҷам. Ҳамин тавр, ҳуҷҷатҳоямро ба шӯъбаи сенариянависӣ супорида, донишҷӯ шудам. Яъне актриса шудан дар хаёлам набуд. Аммо… Дар даҳлезид онишкада, маро проффесор Олга Пижова дида, кӣ буданамро мепурсад. Мӯйҳои майдбофии дароз, куртаи атлас ва қаду қомати ман ба ӯ писанд меоянд. Чун мефаҳмад, ки тоҷикистонӣ ҳастам, маро ба гурӯҳи актёрии Донишкадаи санъати театрии ба номи А.В. Луначарский даъват кард. Ҳамин тавр, донишкадаро бо Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Ҳошим Гадоев, Фотима Ғуломова, Тамара Абдушукурова, Тӯрахон Аҳмадхонов, Мая Камолова… хатм карда, инак зиёда аз 60 сол мешавад, ки сарнавиштам ба санъат сириштааст.

Ман ҷабрдидаи ғолиб ҳастам
-Олами санъат пур аз зиддияту ихтилоф ва рақобат аст, мисли деги ҷӯшон. Шумо дар ин олами пурталотум дар кадом нақш ҳастед, ҷабрдида, мағлуб, ғолиб ва ё?..
-Ман ҷабрдидаи ғолибам, ки зиддиятҳо ва шикаст доданҳоро мардона пушти сар кардаам. Намоишномаи «Эдип»-и Софоклро ба саҳна мемондем. Дар он асар ману як шогирдам нақши Маликаро якҷоя тамрин кардем, аммо қарор шуд, ки дар нахустнамоиш ман бозӣ мекунам. Нақши Эдипро Ҳошим Гадоев бозӣ мекард ва ӯ дар маҷлис гуфта буд, ки агар ҷуз Марям касе ба саҳна барояд, шикамашро бо теғ пора мекунад. Ҳамин тавр намоишнома оғоз ёфт. Ман дар пушти парда мунтазири ишора будам, аммо чанд лаҳза пеш аз ишора аз толор садоҳо шунида шуд. Шогирдам худсарона либос пӯшида, аз толор ба саҳна баромадааст. Ҳошими бағазаб омада сархам истода, аз ҷояш намеҷунбид. Ин манзараро дида, ман як лаҳза аз ҳуш рафтаам. Маро бардошта ба ошёнаи 2-юм ба пардозхона баровардаанд. Баробари ба худ омадан ба балкон баромадам, то бинам, ки дар саҳна чӣ гап аст. Ҳанӯз пауза идома дошт ва Ҳошим сарашро набардошт. Гумонам ин дарозтарин пауза дар таърихи тамоми театрҳои ҷаҳон буд. Ниҳоят Ҳошим сарашро бардошту намоишнома идома ёфт, вале баъд он шогирди хиёнаткори маро барои худсариаш аз театр ронданд. Дар ҳаёти ман чунин ҳодисаҳо кам набуданд. Вақте режиссёр аз Ленинград омада, хост «Медея»-ро ба саҳна гузорад, маро дар нақши асосӣ интихоб кард, аммо 6 нафари дигар барои иҷрои ин нақш ариза пешниҳод карданд. Режиссёр дар маҷлис ошкоро гуфт: « 6 нафар мехоҳанд, ки Медеяро бозӣ кунанд, аммо Медея яктост – Марям! Танҳо ба хотири ӯ ман ин спектаклро мемонам». Бо вуҷуди ин, маро бо гострол ба Бадахшон «бадарға» карданд. Улфатшоев, ки роҳбари мо буд, ин бозиҳоро фаҳмида, маро пеш аз муҳлат ба театр фиристод, то машқи Медеяро ба охир расонам. Вақте ба Душанбе омадам, то намоиш ҳамагӣ як ҳафта вақт монда буд. Дар намоиши таҷрибавӣ маро неву дублёрамро бароварданд, вале намоиш аз шӯрои бадеӣ нагузашт. Пагоҳаш ман баромадам ва намоиш қабул шуд.
Театр ба таҷдид ниёз дорад
-Мехоҳам дар мавриди театри имрӯз суҳбат кунем. Вазъи феълии театрҳоро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
-Театри тоҷик имрӯз ба ҷодаи нав баромад ва замони гузаришро паси сар мекунад. Мо ба давраи технологияи нав ворид мешавем, мафкураи мардум имрӯз тағйир ёфтаву талаботаш нисбати санъат дигар шудааст. Театр ҳам бояд ҳамқадами замон ва ҳатто пешгом бошад. Тамошобин айни замон мавзӯйи рӯзмарраро талаб мекунад. Ман инро вақти таҳияи спектакли «Дили модар» аз рӯйи асари Ниҳонӣ, ки онро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбони Собир ба саҳна гузошт,мушоҳида кардам. Мавзӯи асари мазкур замонавӣ – пайвастани ҷавонон ба ҳаракатҳои террористӣ буд. Муаллими ҷавон фирефта шуда, ба Сурия меравад, модар бошад ба суроғи ӯ мебарояд. Ҷавон мавриди мағз шӯйӣ қарор гирифта, манқурт мешавад. Ӯ ҳатто модарашро мепарронад. Дар ин спектакл аз имкониятҳои техникӣ ба таври кофӣ истифода кардем. Он писанди тамошобин шуд. Медидам, ки ҷавонон боиштиёқ онро тамошо мекарданд… Албатта барои театр мавзӯъҳои таърихӣ ва фалсафӣ ҳам муҳим аст, вале бештар ба мавзӯъҳои рӯзмарра рӯ оварданамон ба манфиати кор хоҳад буд. Мутаассифона, айни замон репертуари театрҳо иборат аз спектаклҳое аст, ки дар хӯри солҳои 30-40 ва 50-ву 60-и асри гузаштааст.
-Тамошобин имрӯзҳо шуморо дар кадом спектаклҳо дида метавонад?
-Мутаассифона, феълан режиссёрҳо асарҳоеро интихоб мекунанд, ки дар онҳо барои синну соли мо нақши мувофиқ нест. Бовуҷуди ин, шукр ки дар чанд спектакл – «Дили модар», «Сухан бигӯ, Эзоп» ва «Муҳаббат» нақш мебозам…Феълан намоиши нави театр мазҳакаи “Хоҳ биёӣ, хоҳ наё” омода шуда истодааст, ки дар он низ нақш мебозам.

Рӯҳи шикастнопазир
-85 барои як инсон умри кам нест. Дар ин синну сол дар чӣ хусус фикр мекунед, чӣ рӯзгор доред?
-Ман азобҳои зиёде кашидаам. Фарзандамро куштанд, хонаамро ғорат карданд, маркази маънавиёти «Гули умед»-ро аз ман кашида гирифта барҳам доданд, аммо бо ин ҳама шикастанҳо ман шикаст нахӯрдам. Рӯҳи ман шикастнопазир аст. Ман ҳанӯз ҳамон Маряме ҳастам, ки 30, 40, 50 сол пеш будам. Ҳанӯз ҳам дар сарам идеяҳои зиёд дорам. Шукр, ҳазорон шукр...
ОДИЛ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД