arzon replenishment
Марям Исоева баъди куштори ваҳшиёнаи духтараш ба ҳаҷ рафту...
5956

Ҳамасола қатори дигар мусалмонони ҷаҳон аз кишвари мо низ гурӯҳ -гурӯҳ зоирин ба зиёрати Каъба мераванд. Тайи чанд соли охир як идда ҳунармандони машҳури тоҷик низ тавонистанд Хонаи Худоро зиёрат намуда, ҳоҷӣ шаванд. Мо тасмим гирифтем, ки тариқи сомонаи Oila.tj дар бораи ҳоҷиҳои санъаткор ба шумо маълумот медиҳем. Имрӯз аз ин силсила хотираҳои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоеваро аз ҳаҷ манзуратон мегардонем.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, модари саҳна Марям Исоева яке аз аввалин ҳунармандони тоҷик аст, ки Хонаи худоро зиёрат намудааст. Ин ҳунарманди машҳур дар давраи нооромиҳо, соли 1995 ба зиёрати Каъба рафтааст.

Тавре худи Марям Исоева зимни сӯҳбат бо мо гуфт, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ душманони актрисса духтар, домод ва набераи 5-солаашро дар хонаи худашон ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидаанд. Пас аз ин ҳодисаи мудҳиш модари аз доғи фарзанд ҷигархунгашта рӯ ба Худо оварда, ба зиёрати Каъба рафтааст, то бо офаридгор рози дил бигӯяд.

Марям Исоева хотироташро аз ҳаҷ нақл карда, мегӯяд: “Пас аз зиёрати Хонаи Худо ман дар ҳақиқат оромиш ёфтам”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД