- Сараввал омад-омади Соли Нави милодиро ба шумо муборакбод мегӯем!
- Ман ҳам бо камоли ифтихор фарорасии Соли нави 2025-ро ба кулли мардуми шарифи Точикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон шодбош мегӯям. Барои ҳар як шаҳрванди ин кишвари зебоманзару афсонавӣ сиҳатмандии комил, сарбаландӣ, некномӣ, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободро орзу менамоям! Бигзор ҳар орзуву ормони нек, ки дар кунҷи қалби худ мепарваранд, татбиқи онро дар ҳаёт Офаридгори бузург насиб гардонад.
- Ному насаби аслиатон Зебо Алимшоева аст. Чаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, филмҳо ва дигар ҷойҳо худто Марям Алимзода муаррифӣ мекунед?
- Албатта ягон иллату далел ё ба гуфти руссхо “особая причина” вуҷуд надорад, ки ман аслу насаби аслиямро аз мардум пинҳон нигоҳ дорам ва боре ҳам ба касе дар ҳеҷ куҷо ҳамчун Марям худамро муаррифӣ накардаам. Ман аз номи аслиям Зебо, ба пураги Зебуниссо фарх мекунам. Ин ном барои ман зиёд муҳтарам аст, чунки ба монанди ҳамномам Зебуниссо - шоираи суханпардоз ва шоҳдухтари фақирнавоз, зиёд донишдӯст , дилкушод ва ҳунарпарвар ҳастам. Марям ҳамчун тахаллус дар шабакаҳои ичтимоӣ сабт шудааст.
- Чаро дар филмҳо бештар нақши одами бадро иҷро мекунед? Шудааст, ки аз рӯи ягон нақши бадатон дар кӯча ё дигар ҷо бо шумо муносибати бад карда бошанд?
- Аввалин филме, ки ман накш офаридам, ин як филми “Тоҷикфилм” бо номи “ ОСИ”, коргардонаш Музаффар Шодиев буд. Дар ин филм ман нақши модари ӯгайро бозӣ кардам. Албатта накши бисёр бад буд ва ҳатто ҳоли худам аз нақши бозидаам бад мешуд. Дар чанд филми дигар низ нақши одами бадро бозидаам, лекин Худоро шукр то ба имрӯз ягон маротиба касе ба ман барои нақши одами бадро бозидан дар кӯчаву хиёбонҳо бархурди бад накардааст. Танҳо дар шабакаҳои ичтимоӣ , махсусан дар YouTube ва Инстаграм шахсони аз фарҳангу маданият дуре ҳастанд, ки нақшро аз ҳаёти воқеӣ фарқ накарда, гапҳои қабеҳ менависанд. Ҳар рӯз дар YouTube дар филме , ки ҳозир нақш меофарам, яъне “ Хусури ман” –и Набиҷон Пирматов 5-6 ҳазор комментария меояд, ки қариб дар ҳамаашон нисбати ман дашному ҳарфҳои қабеҳ менависанд, вале ман аз ин чиз рӯҳафтода ва ғамгин намешавам, баръакс қувват мегирам. Бигзор бадбинӣи кунанд, ин чунин маъно дорад, ки ман аз ӯҳдаи нақши худ хеле хуб баромадаам.
- Шумо аз рӯйи ихтисос иқтисодчӣ ҳастед. Чаро дар ин соҳа кор намекунед?
- Қариб 70% одамон бо ихтисоси худ кору фаъолият намекунанд ва ман ҳам аз ҷумлаи онҳо ҳастам. Аз хурдӣ мехостам ҳунарпеша шавам ва новобаста ба он ки аълохон будам, дар мактаби миёна дар тамоми барномаҳое, ки дар рӯзҳои ид мешуд, ҳамчун ровӣ будам, ҳатто суруд ҳам мехондам. Азбаски аҳли хонаводаи мо зиёӣ буданд, барои илму дониш омӯхтан зиёд пофишорӣ мекарданд ва намехостанд, ки ман ҳунарпеша шавам. Бо хоҳиши волидонам ба ДДМТ дохил шудам, вале пас аз хатми донишгоҳ ҳеҷ вақт бо ихтисоси худам кору фаьолият накардам. Фикр мекунам, ки дар оняда низ худро ба орзуи кӯдакиям бахшида, ҳунару санъатамро ривоҷ медиҳам ва муваффақ мешавам.
- Чанд муддат қабл дар боби он ки баъзеҳо чанд нақшро бозида, худро ҳунарпеша муаррифӣ мекунанд, шумо ҳам сториз кардед. Оиди ҳамин мавзӯъ каме маълумот медодед?
- Мусаллам аст, ки ихтисоси ҳунарпешагӣ маҳорати эҷодӣ ва донишу малакаи муайянро тақозо мекунад. Аммо бо вуҷуди ин, шахсоне пайдо мешаванд, ки маҳорату истеъдоди волои ҳунарпешагӣ, суханварӣ ва эҷодкорӣ дар замирашон нуҳуфтааст, ҳатто бидуни таҳсилоти олӣ ва хатми муассисаҳои таълимии дахлдор. Ба андешаи ман барои ҳунарпеша шудан маҳорат, таҷриба, лаёқату истеъдоди баён муҳим аст, на диплом. Дар санъати ҷаҳонӣ, чи классикӣ ва чи муосир ҳунарпешаҳои машҳури зиёде ҳастанд, кибидуни хатми мактабҳои касбии олии санъат бо маҳорату истеъдоди худододашон соҳиби шуҳрати оламшумул гаштаанд. Бинандагон ба санъаткорону ҳунарпешагон на аз рӯи мактаби олӣ ё шумораи диплом, балки аз рӯйи ҳунару маҳорату истеъдод баҳо медиҳанд. Ба ҳар ҳол ин назари шахсии ман аст. Шахсан ман ҳеҷ вақт даъвои ҳунарпешагӣ накардаам, вале синаморо дӯст медорам. Аслан дар фикри он нестам, ки маро чун ҳунарпеша қабул мекунанд е не. Ба худам боварӣ дорам , ки роҳи интихобкардаам ба ман обрӯ меорад ва муваффақтар мегардам !
- Аз байни нақшҳои офаридаатон кадом нақш ба худи шумо бисёр писанд аст?
- Саволи ҷолиб! Росташро гӯям нақше, ки дар филми “ Хусури ман” офаридам, яъне аммаи Эмин ба номи Марям, ки як духтари зиёд бадахлоқ ва худписанде, ки нисбати келин зулму шиканҷа мекунад, аз ҳамин нақшам розӣ ҳастам, ҳарчанд дар зиндагии ҳақиқӣ келин дар хонаводаи мо подшоҳ аст.
- Таманниёти шумо дар соли нави милодӣ ба мухлисони сомонаи Оила.tj?
- Ба обуначиёни «Оила.tj» ва дар симои онон ба тамоми ҳамватанони азизам, ба мухлисони содиқи ҳунару санъат ва фарҳанги волои тоҷик фарорасии Соли Нави мелодиро самимона шодбош мегӯям. Барояшон пеш аз ҳама тандурустӣ, ҳаёти осоиштаву баракати рӯзгор орзумнадам. Ба ҳунарпешагони тоҷик дар соли нав парвозҳои нав ба нави ҳунарӣ мехоҳам.
- Саломат бошед! Ба шумо ҳам комёбиҳои нав ба нави эҷодиро орзумандем.