Як марди муҳоҷири тоҷик дар Русия дар дохили автобус ҷон ба ҷонофарин супурдааст. Ҷасади сардшудаи ин мардро субҳи 27-апрел аз дохили автобус пайдо кардаанд...
Марҳум Назриев Негмон Анварович зодаи Тоҷикистон буда, дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо автобус мусофир мекашонидааст. Шаби 26 ба 27-уми апрел ин марди муҳоҷир дар даруни автобусаш дар болои ҷойнамоз ҷон додааст.
Қисми бе ҷони ӯро субҳи 27-уми апрел аз дохили автобус дар назди истогоҳи метрои “Шушари” пайдо карданд. Гуфта мешавад, ки ин мард дар болои ҷойнамоз дар ҳоли саҷда кардан ҷон ба ҷонофарин супурда, ҷисми сардгаштаи марҳумро дар ҳамин ҳол пайдо кардаанд.
Тахмин меравад, ки мард дар вақти намозгузорӣ ҳангоми саҷда кардан ба сактаи қалбӣ ё якбора баланд шудани фишори хун бо марг рӯ ба рӯ гаштааст.
Дӯстонаш аз Нӯъмон Назриев ба некӣ ёд карда, гуфтаанд, ӯ чанд сол инҷониб дар шаҳри Санкт-Петербург автобус меронд ва аз истгоҳи метрои “Шушари” ба тарафи Колпино, Пушкино ва дигар шаҳрҳои ба Петербург наздики вилояти Ленинград мусофир мекашонд. Ба хотири субҳи барвақт ба кор баромадан ин мард баъзан шабҳоро дар дохили автобусаш саҳар мекардааст.
“Шаби охирини зиндагиаш ҳам акаи Нӯъмон ё шабро дар автобус рӯз карданӣ буд ва ё пеш аз хона рафтан хостааст, ки намозҳояшро хонад ва баъд биравад. Аммо аҷал ӯро дар болои ҷойнамоз дарёб кардааст ва акаи Нӯъмон даъвати Парвардигорашро лабайк гуфта, ба зиндагӣ ва ба ин дунёву ҳама дору дастааш падруд гуфту рафт”-навиштааст рӯзнорманигори шинохтаи тоҷик Шаҳлои Гулхоҷа дар Инстаграм.
Нӯъмон Назриев 1- декабри соли 1972 дар собиқ колхози “Москва”-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба дунё омада, ҳамагӣ 50 сол дошт. Муҳоҷирони тоҷик дар Петербург барои ба Ватан фиристодани ҷанозаи ин марди ғариб ҷамъоварии кумакро ба роҳ андохтаанд.
Акс аз сомонаи Бомдод