formula
Марги фоҷиавии зани 50-сола дар Шаҳритус
720


Зебонисо Нормановаи 50-сола ба таври фоҷиавӣ аз олам даргузашт. Он рӯзи наҳс Зебонисо комилан солим аз хонааш баромада буд ва ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки ин сафар барояш сафари охирин хоҳад гашт, аммо...

Аз тақдир ҷойи гурез нест ва кас намедонад, ки аждари марг кай ва дар куҷо бераҳмона панҷа бар гулӯяш мезанад. Зебонисо низ ғофил аз бозиҳои тақдир он рӯз бо таъби болида аз хона баромада буд, аммо мошине, ки ин зани 50-сола савораш буд, дар роҳ ба фалокат дучор гашт.

Тавре ки вазорати умури дохилии кишвар хабар додааст, рӯзи 9-уми феврал, тахминан соатҳои 20:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Мустаков Урал Холматович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Пахтаободи ҷамоати деҳоти Пахтаобод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини боркаши тамғаи “LC 933 L”, ки таҳти идораи ронанда, Юлдошов Мирқосим Юлдошович, соли таваллудаш 1996, сокини ҳамин ноҳия қарор дошт, бархӯрдааст.

Дар натиҷаи ин садамаи хунин ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Мустаков У.Х. ва мусофири дохили автомашина Норманова Зебонисо Алмардовна, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи мазкур, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Муттаасифона, Зебонисо Норманова бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона аз олам даргузашт. Таҳқиқот аз рӯи ҳодисаи мазкур идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД