Меҳрубон Амонов зодаи шаҳри Конибодом буда, ба сифати афсар дар Артиши Россия хизмат мекард. Ин тоҷикбачаи далеру шуҷоъ аз ҷанги Украина зиндаву саломат баргашта, мехост ба Ватан ба дидори аҳли оила ва пайвандонаш ояд, вале аждари марг дар сарзамини амну осуда Меҳрубонро ғофилгир намуда, бераҳмона панҷа ба гулӯяш зад ва риштаи умри ҷавонашро барканд...
Ин ҳодисаи нохуш субҳи 6-уми август, тақрибан соатҳои 8.20 сар зада, тибқи иттилоъи нашрияҳои русӣ дар шаҳраки Железнодорожнии ноҳияи Усолскии вилояти Иркутски Русия як садамаи нақлиётии марговар сар задааст. Гуфта мешавад, ки ронандаи 28- солаи мошини тамғаи “Тойота Королла”, ки ба сӯи Иркутск ҳаракат мекардааст, аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Киа Рио”-и аз самти муқобил меомадааст, бархӯрдааст.
Мутаассифона, ронанда ва мусофири “Киа” бар асари садама захмҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон додаанд.
Қурбониёни ин садамаи тақдирсӯз Меҳрубон Амонови 22-сола, зодаи шаҳри Конибодом ва холааш Нигина Шаропова буда, ҷамъияти тоҷикони шаҳри Иркутск айни замон барои фиристодани тобути онҳо ба Тоҷикистон талош доранд.