Formula novemver 2024
Марги фоҷиавии Ҳакимзода ва Сафаралӣ
1318

Дар фасли баҳори сабз, ки сабзаву себаргаҳо аз замин сар мекашанд, ниҳоли умри ду марди паҳлавон дар як мижа задан хазон гашта, ду хонаи тоҷик мотамсарой гашт...

Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани ду садамаи хунин дар роҳҳои Тоҷикистон хабар додааст. Фоҷиаи аввал субҳи рӯзи 12-март, тахминан соатҳои 06:30 сар зада, Олимзода Ҳадятуллои Маҳмадзабир, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Роғун, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, ҳангоми ҳаракат аз самти Фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ба самти маркази ҳамин шаҳр аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада ба монеаи бетонӣ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, худи ронанда Олимзода Ҳ.М. ва мусофирони мошин-Ҳакимов Бузургмеҳр Шералиевич, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Роғун, Музафаров Хусрав Сайдалиевич, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Душанбе, Ҳакимов Рустам, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Роғун ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд ва Ҳакимзода И.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Садамаи дуюми сархӯр рӯзи 12-март, соатҳои 09:05-дақиқа рӯй дода, Азизов Умед Азизович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Кӯшониён, ронандаи автомшинаи тамғаи “Тойота Камри” ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуи ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба чуқурии тарафи рости роҳ чаппа шудааст.

Дар натиҷа худи ронанда Азизов У. бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардида, мусофири мошин Самадов Сафарали Валиевич, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Бохтар, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Таҳқиқот аз рӯи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД