Arzon march 2024
Марги 39 нафар дар Афғонистон аз сардӣ
604

 

Дар натиҷаи сардии шадид ва бориши барф дар Афғонистон 39 нафар ба ҳалокат расидаанд. Бар асари номусоидии обу ҳаво, ба ҷуз аз ҳалокшудагон, 30 нафари дигар осеби сармозадагӣ дидаанд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки 637 хона тахриб шуда, 13,8 ҳазор сар чорвои калон ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора хабаргузории Синхуа, ки намояндаи расмии Идораи миллии мубориза бо офатҳои табиӣ мебошад, хабар додааст.

Мақомоти вилоят ба аҳолӣ итминон додаанд, ки барои расонидани кумаки зарурӣ, аз ҷумла маводи ғизоӣ ба оилаҳои зарардида ва хӯроки чорво, барои пешгирии талафоти минбаъда тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳанд дод.

Хабаргузорӣ иттилоъ додааст, ки бар асари тармафароиҳо дар Италия беш 6 ҳазор нафар ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД