Sebiston new 2024 october
Марди зану фарзандкуш ба 23 соли зиндон маҳкум шуд
1055

 

Зокир Аъзамов-марди сангдиле, ки чанд моҳ қабл зану фарзандашро  бераҳмона ба қатл расонида, баъдан ҷасадҳояшонро оташ зада буд, аз ҷониби суди Вилояти Суғд ба 23- соли зиндон маҳкум карда шуд.  Зокир Аъзамов, сокини шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафарободи Вилояти Суғд буда, барои куштори ваҳшиёна ва сӯзондани ҷасадҳои зану фарзандаш бо қисми дуюми моддаи 104 –и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба мӯҳлати 23 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. 

Ёдрас мешавем, ки ин ҳодисаи нангин шаби 28- ноябри соли 2022 рух дода, Зокир Аъзамов аввал ҳамсар ва баъдан писарчаи 9-солаашро дар манзили истиқоматиаш ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида, сипас ҷасадҳояшонро бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти вазнини содир намудааш оташ зада буд. Ин ҳодисаи ваҳшатнок дар тамоми расонаҳо паҳн гашта, сару садоҳои зиёдеро ба миён овард ва ниҳоят пас аз се моҳи содир шудани ин ҷинояти сангин суд ин падари сангдилро ба мӯҳлати 23 сол равонаи зиндон намуд, вале...

Норинисо Раҳматова, хушдомани қотил, модари ҳамсари марҳумаш  Фирӯза Аъзамова, ки ҳамроҳи писарчаи нӯҳсолааш ба дасти шавҳари золим кушта шуд, аз ин ҳукми додгоҳ розӣ нестанд. Раҳматова дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфтааст, ки 23 сол барои содир кардани куштори ваҳшиёнаи 2 нафар ва сӯзондани ҷасадҳо кофӣ нест ва бояд ба Зокир Аъзамов ҳукми абад дода мешуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД