goodwell
Мард барои пайдо намудани зану фарзандонаш 5000 сомонӣ мукофот эълон кардааст
470

Шавҳар ва пайвандони сокини деҳаи Мазори Шарифи Панҷакент Нилуфар Зикруллоева, ки чанд рӯз қабл бо ду фарзанди хурдсолаш беному нишон гашта буд, барои хабар дар бораи макони будубоши онҳо 5000 сомонӣ мукофот эълон кардаанд.

Дар як навори видеоии дар romishactor пахшгашта хушдомани Нилуфар Зикруллоева, ки ҳамроҳи келинаш зиндагӣ намекардааст, бо оби дида ба арӯси бедаракгаштааш муроҷиат намуда, мегӯяд, ба хонааш баргардад, касе ба зиндагии оилавии Нилуфар ва шавҳараш дахолат нахоҳад кард.

Дар навор шавҳари зан низ хеле рӯҳафтода ба назар мерасад ва дар ҳоле, ки базӯр оби дидаашро нигоҳ медорад, аз ҳамсараш хоҳиш мекунад, ки ба хона баргардад, касе барои чанд рӯз бедарак гаштанаш ӯро таъна намезанад ва маломат нахоҳад кард.

Пайвандони ин зан бар ивази як хабар дар бораи макони будубоши Нилуфар ва кӯдаконаш 5000 сомонӣ мукофот ваъда кардаанд.

Ёдрас мешавем, ки Зикруллоева Нилуфар ҳафтаи гузашта ҳамроҳи фарзандони хурдсолаш Дилшода ва Муҳаммад, ки яке 8-сола ва дигарӣ 6-сола мебошад, бедарак гашта буд. Бори охир онҳоро дар нуқтаи сарҳадии Панҷакент дидаанд. Дар навори қаблӣ гуфта мешуд, ки гӯё бо сабаби ба охир расидани муҳлати ҳуҷҷатҳои фарзандонаш сарҳадбонон ба онҳо иҷозат надодаанд, ки аз марз гузаранд. Маълум нест, ки Нилуфар ва кӯдакони хурдсолаш ба куҷо рафтаанд ва айни замон дар чӣ ҳоланд.

Шавҳар ва пайвандонаш дар ҷустуҷӯи Нилуфар ва бачаҳояш буда, аз шахсоне, ки ин зан ва кӯдаконашро дар ягон ҷо дидаанд ё дар бораи онҳо маълумоте доранд, хоҳиш мекунанд, ки ба рақамҳои +992 92 633 53 81 занг зананд. Бар ивази хабар шуморо мукофот интизор аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД