Шукурҷон Зуҳуров бо пешниҳоди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат таъин гардидааст. Интихоби ӯ ба ин мақом рӯзи 24-уми апрел дар Пленуми ғайринавбатии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки Шукурҷон Зуҳуров қаблан дар мақомҳои раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Зуҳуров барои хизматҳои шоён бо орденҳои «Дӯстӣ», «Шараф», Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.
Хотиррасон мешавем, ки пас аз фавти Раҳмат Қудратов, собиқ раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, ин ниҳод роҳбар надошт.