Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Мансур Ҷаъфарӣ.
Сол ва ҷои таваллуд: 28.07.1971, шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон.
Касб: сароянда, ҳунарманд, тарроҳ ва оҳангсоз.
Вазъи оилавӣ: оиладор ва соҳиби се фарзанд.
Кӯдакии Мансур ба давраи ҷангҳои шадид рост омад. Солҳои 1978-1979 нахуст дар Эрон табаддулоти давлатӣ ба вуҷуд пайваст ва Ҳукумати шоҳ барканор шуду ҷойи онро Ҳукумати исломӣ гирифт. Баъдан, соли 1980 байни Эрон ва Ироқ ҷанг шурӯъ шуд. Пас аз ин ҳама гирудорҳо, оилаи Мансур ба Амрико кӯчид ва ба сафи миллионҳо муҳоҷирони эронӣ пайваст.
Мансур аз кӯдакӣ ба мусиқӣ шавқи зиёд дошт ва дар Амрико ба сифати ҳунарманди ҳаваскор дар шабнишиниҳо баромад мекард. Ӯ дар назди худ қарор гузошт, ки баъди хатми мактаби миёна ҳатман сарояндаи касбӣ мешавад, аммо барои расидан ба ин ҳадаф ӯро лозим буд, ки зиёдтар талош кунад. Ба ҳамин хотир, Мансур сараввал мағозаи фурӯши телефонҳои мобилиро боз кард, то барои таҳияи албоми нахустинаш маблағ ҷамъ кунад.
Фаъолияти ҳунарии овозхон аз соли 1991 шурӯъ шуд ва соли 1994 нахусталбоми ӯ бо номи “Фирфираҳои бе бод” ба дасти мухлисонаш расид. Мансур дар кутоҳтарин фурсат дар дилу дидаи мардум ҷой гирифт ва мардум низ ӯро хуш пазируфтанд. Ҳамин пазироиҳои гарм сабаб шуд, ки овозхон пайиҳам се албоми дигари худ “Тасвири охир”, “Дарича” ва “Қаиқи қоғазӣ”-ро сабту пешкаш кард. Албомҳои дигари ӯ “Фақат ба хотири ту” (1999) ва “Девона” (2002) баъдтар рӯйи кор омаданд.
Мансур оилаи худро дӯст медорад ва эҳтироми онҳоро ба ҷо меорад. “Бо вуҷуди кори зиёд, ман кӯшиш мекунам, ки ба оилаам наздик бошам. Оила барои ман хеле ва хеле муқаддас аст. Ман мекӯшам, ки на танҳо бо ҳамсару фарзандон, балки бо хоҳаронам ҳам меҳрубон бошам, зеро онҳо бароям азизанд”,-мегӯяд ӯ. Овозхон ҳоло се фарзанд дорад.
Писаронаш Ҷон ва Илойҷа дугониканд. Фарзанди севумаш духтар буда, Даниэлла ном дорад. Согул, ҳамсари овозхон шавҳари ҳунармандашро дӯст медорад. “Ҳамсарам ба ман рашк намекунад, зеро ӯ маро хуб мешиносад ва медонад, ки ман аз аҳли хиёнат нестам ва ҳеҷ гоҳ болои ӯ по намегузорам”,-мегӯяд Мансур.
Бори аввал Мансур соли 2004 ба Тоҷикистон омада буд. Бори дувум соли 2011 ташриф овард ва дар “Кохи Борбад” консерти бошукуҳе таҳия кард. Бори севум соли гузашта омада, дар доираи Ҷашнвораи тобистонаи Душанбе хотири мухлисони тоҷикистониашро шод карда буд. Як суҳбати кутоҳеро дар зер аз сафари сеюми овозхон манзуратон мегардонем.
-Мансур, хуш омадед ба Душанбеи нозанин. Ин бор бо чӣ дастовезе омадаед?
-Хеле хушҳолам, ки дар Душанбе ҳастам. Хеле хушҳолам, ки фурсати он расид, то дигарбора ба ин шаҳри зебову кишвари меҳрубон сафар бикунам. Хушбахтона, дар ин сафарам албоми ҷадидамро муаррифӣ мекунам. Шеъру оҳангҳои қаблиямро низ тамрин кардаам, ки пешкаши ҳаводорони тоҷикам мегардонам.
-Бори охир ҳашт сол пеш ба Тоҷикистон омада будед ва ин сафари севуми шумост. Баъди он ки аз ҳавопаймо пиёда шудед, чӣ ҳиссе шуморо фаро гирифт?
-Аз замоне ки ба ҳунару санъат рӯ овардам, дар кишвари худам зиндагӣ накардаам. Тоҷикистон кишварест, ки ҳама тоҷикзабону форсизабон ҳастанд ва аз оне ки ба ин кишвар ташриф овардам, ҳисси қашанге дорам. Самимона аз мардуми тоҷик ташаккур мекунам. Дар Амрико тоҷикон кам нестанд ва ман зуд-зуд бо онҳо вомехӯрам. Ҳамчунин, дар барномаҳои консертиям зиёд ширкат меварзанд. Сари таъзим фуруд меорам ба муҳаббати халқи тоҷик, ки нисбати ман доранд.
-Чаро дар ин мобайн яку якбора ҳашт сол ба Тоҷикистон наомадед? Касе шуморо хафа кардааст ё...?
-На, аз касе гиламанд нестам. Мусиқӣ ва фарҳангу санъат дар Тоҷикистон ба дараҷае пеш рафта, ки фикр мекунам ба зуд-зуд омадани сарояндагон аз хориҷи кишвар эҳтиёҷе нест. Сафи овозхонҳо низ зиёд шудааст ва сурудҳои қашанг ҳам мехонанд. Мо дар 5-6 сол як маротиба омада, танҳо хотираҳои гузаштаро ёдовар мешавем ва фикр мекунам, ки ҳамин кофист (механдад).
-Дафъаи гузашта ваъда дода будед, ки агар бори дигар ба Тоҷикистон оед, ҳатман таронаеро бо забони тоҷикӣ иҷро мекунед. Ҳоло ин ваъдаи шумо амалӣ мешавад?
-Кош ин ваъдаам зудтар амалӣ шавад. Суруду мусиқии тоҷикиро хеле дӯст медорам ва агар бо забони тоҷикӣ таронае сароям, дар эҷодиёти худам ҳам навгонӣ хоҳад шуд.