Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Неслиҳан Атагул.
Сол ва ҷойи таваллуд: 20.08.1992, шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия.
Касб: ҳунарпеша ва модел.
Ҷоиза: “Ҳунарпешаи сол-2016”, 3 ҷоизаи “Беҳтарин ҳунарпеша” (2012), “Беҳтарин бозингар” (2012).
Вазъи оилавӣ: оиладор.
Шавҳараш: Қодир Доғулу, ҳунарманди турк.
Неслиҳан дар оилаи камбизоат ба дунё омадааст. Модараш зодаи Белорус буда, асли падараш черкесӣ (миллате дар Русия) мебошад. Модари Неслиҳан хонашин буд ва падараш бо ронандагӣ зиндагиро таъмин мекард. Қаҳрамони мо ҳанӯз дар хурдсолӣ бо зебоияш диққати ҳамагонро ҷалб карда буд. Модараш инро пай бурда, Неслиҳанро ба оҷонсиҳои моделӣ мебурд, то дар кастингҳо иштирок карда, ба соҳаи синамо ва мӯд роҳ ёбад. Ҳамин тавр, кормандони ширкати таблиғотии “Neşe Erberk” Неслиҳани 8-соларо барои нақшофарӣ дар ролики таблиғотии телевизионӣ қабул карданд. Ба синамо бошад, дертар роҳ ёфт. Дар 14-солагӣ бори аввал дар филми “Ишқи аввал” иштирок намуда, худро ҳамчун ҳунарпеша муаррифӣ намуд. Баъдан филмҳои “Хазонрез”, “Ду чеҳраи Инстанбул”, “Ҳама чизе, ки аз ту ба ман боқӣ мондааст” ва “Муҳаббати сиёҳ” пай дар пай рӯи навор омаданду Неслиҳанро на танҳо дар Туркия, балки дар Аврупову Осиё машҳур сохтанд. Қаҳрамони мо бо шавҳараш Қодир Доғулу ҳангоми сабти филми “Ду чеҳраи Истанбул” шинос шудаанд. Баъди се соли муносибатҳои ошиқона 8-уми июли соли 2016 ҷуфти ҳунарманд оила барпо карданд ва ҳоло зиндагии орому осуда доранд.
-Неслиҳан, шумо дар зери лабатон ҳарфи “Қ”, яъне ҳарфи аввали номи шавҳаратонро холкӯбӣ кардаед. Барои чӣ?
-Ман инро бисёр мехостам...
-Рӯзе расаду муҳаббати шумо хотима ёбад, ин холкӯбӣ чӣ мешавад?
-Ин ҷиҳати масъаларо фикр кардан намехоҳам, аммо бояд қайд кунам, ки Қодир маънии ҳаёт ва гавҳари ноёби ман аст. Ҳарфи аввали номаш дар зери лабам, ангуштарияш дар дастам, насабашро аз худ кардаам-ин ҳама ба ман нерӯи махсус медиҳанд.
-Овозае паҳн шуда, ки гӯиё шумо ҷарроҳӣ карда, халтаҳои зери чашмонатонро кашида бошед. Ин то куҷо ҳақиқат дорад?
-На, ман ҷарроҳӣ накардаам. Халтаҳои зери чашмамро дӯст медорам, зеро онҳоро аз падарам мерос гирифтаам.
-Чанде пеш шумо дар саҳифаи Инстаграматон аксеро бидуни ороиш гузоштед ва мухлисонатон дар баробари суханҳои худ, алфози қабеҳ низ навиштанд. Аз оне ки доим занро ба намуди зоҳириаш баҳо медиҳанд, чӣ фикр доред?
-Аксари расмҳое, ки ман дар Инстаграм нашр мекунам, бе ороиш ҳастанд. Танқид маро асабӣ намекунад, зеро фалсафаи ман дар зиндагӣ ба назар гирифтани зебоист, на мушоҳида кардани камбудиҳо. Агар камбудиеро бинам, пас ман ҳам камбудӣ дорам. Агар зебоиро бубинам, маълум мешавад, ки ман ҳам зебоям.
-Дар саҳифаи аввали рӯзномаҳо акси шумову шавҳаратон дар деҳаи Акяка чоп шуда буд, ки дар даст халта доштед...
-Ману Қодир барои истироҳат рафта будем ва дар ҷангал хайма зада, истироҳат карданро дӯст медорем. Азбаски дар ҳама ҷо мо бо партовҳо дучор меоем, ҳамеша ҳамроҳамон халта мегирем. Дар деҳаи Акяка низ партовҳо кам набуданд.
-Вақте бо дӯстони деринаатон сари як пиёла чой ҷамъ мешавед, дар чӣ бобат суҳбат мекунед?
-Гоҳе дар бораи санъат, гоҳи дигар дар бораи онҳое, ки ғарибанд... Мушаххас гуфта наметавонам, аммо мавзӯи суҳбати мо гуногун аст.
-Муносибати худро бо шавҳаратон чӣ гуна шарҳ медиҳед?
-Барои он ки дар бораи эҳсосотам бигӯям, ё бояд хомӯш бошам ё дуру дароз ҳарф занам.
-Масалан, вақте шумо бори аввал Қодирро дидед, чӣ эҳсосе доштед?
-Вақте ки мо бори аввал вохӯрдем, диққати ман тамоман ба чизи дигар равона буд. Дар як ҳолате қарор доштам, ки касеро дидан намехостам. Фикр кардам, ки чизеро эҳсос намекунам, аммо хато кардам. Баъдан ба Қодир ошиқ шудам. Ба саховатмандиаш, ба заковату зиракиаш, ба поквиҷдониаш...
-Ба корҳои ҳамдигар дахолат мекунед? Умуман, рашк мекунед?
-Дар мавриди кор машварат мекунем, аммо асосан корҳоямонро бо менеҷерҳои худ муҳокима мекунем. Ман Қодирро дарк мекунам ва ӯ ҳам маро. Кӯшиш намекунам, ки ба ӯ кореро ёд диҳам, чунки шавҳарам ин корро ба ман раво намебинад. Дар умум оилаи хушбахтем.
-Ду сол аст, ки пайи ҳам чеҳраи ширкати либосҳои варзишии “Puma” интихоб мешавед. Андар боби мӯд чӣ гуфтан мехоҳед?
-Ман ҳама чизеро, ки мӯд номида мешавад, ба бар намекунам. Либосҳоро мувофиқи табъ ва ҳолати рӯҳиям интихоб мекунам.
-Шуморо маъшуқаи Бурак Озчивит мегӯянд...
-Мақсадатонро фаҳмидам. Ҳамроҳ дар як филм нақш офаридан маънои маъшуқаи касе буданро надорад. Аслан, ба ин гуна овозаҳо одат кардаам.