1-уми август пас аз интизориҳои тӯлонӣ сабти филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” оғоз шуд. Ҳамчунин, дар ин ин рӯз эълон шуд, ки нақшҳои асосии филм - Абдураҳмони Ҷомиро Маҳмадсаид Шоҳиён ва Мир Алишери Навоиро Илҳом Бердиев бозӣ мекунанд.
Шоҳиён дар нақши Ҷомӣ
Маҳмадсаид Шоҳиён - директори киностудияи “Тоҷикфилм” иҷрокунандаи нақши Абдураҳмони Ҷомӣ аст. Ӯ соли соли 1989 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда, беш аз 30 сол дар театру синамо фаъолият кардааст.
Ӯ офарандаи нақши Восеъ дар филми ҳунарии “Ашк ва шамшер” аст ва маъруфтарин кори ҳунариаш ҳамин нақш унвон мешавад. Ғайр аз ин, номбурда дар силсилафилми маъруфи “Дар орзуи падар” ҳам нақши Абдушукурро офаридааст. Ҳамчунин, тамошобин ӯро дар филмҳои «Буд набуд», «Сароби биҳишт», «Пуштаи Хандақпеч», «Кӯҳистонӣ», «Чарх» ва ғайра дидааст.
Шоҳиён 20 соли охир дар мансабҳои гуногун фаъолият дорад: директори ТВ “Сафина” (2005-2009), директори “Тоҷикфилм” (2009-2011), мудири шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011-2013), муовини якуми вазири фарҳанг (2013-2015), раиси Кумитаи телевизион ва радио (2015-2020) ва аз он сол то кунун боз роҳбарии “Тоҷикфилм”-ро ба зимма дорад.
Илҳом Бердиев дар нақши Навоӣ
Ҳунарманди Театри драмаи Тошканд ба номи Аброр Ҳидоятов аст ва соли 2011 Донишкадаи давлатии санъати Ӯзбекистонро хатм намудааст.
Ӯ то кунун чанд нақши таърихӣ офаридааст. Аз ҷумла, дар филми ҳуҷҷатии “Дар пайи паланг. Зуҳриддин Муҳаммад Бобур” Илҳом Бердиев нақши асосии Бобур Мирзоро бозидааст.
Мавсуф гуфтааст, ки “барои ҳар як ҳунарманд офаридани нақши Алишери Навоӣ орзу аст. Фикр намекардам, ки рӯзе ман дар синамо Навоиро таҷассум мекунам. Ин барои ман шараф ва ифтихори бузург аст”.
Дурахши ахтарон
Тасмими филмбардорӣ дар бораи Ҷомиву Навоӣ соли 2021, зимни сафари президентҳои ду кишвар ба давлатҳои якдигар рӯи даст гирифта шуд. Аз он замон то ҳол ҳайатҳо аз Тоҷикистону Ӯзбекистон сенарияи филмро навиштанд. Буҷаи филм, ки 10 миллион доллар гуфта мешавад, аз ҷониби ду кишвар ҷудо шудааст. Коргардони филм ҳам аз ду кишвар – Файзулло Файзов аз Тоҷикистон ва Дилмурод Масаидов аз Ӯзбекистон ҳастанд. Қарор аст, ки моҳи марти соли 2026 филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” рӯйи экран барояд.
БАХТОВАР