Commerc banl
Магистранти тоҷик дар олимпиадаи байналмилалии математика соҳиби медали тило гашт
91

Фаррух Каримзода, магистранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Олимпиадаи 6-уми кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон (OMOUS-2026) соҳиби медали тило гашт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, олимпиада аз 23 то 28-уми март дар шаҳри Ашқободи Туркманистон бо иштироки 547 нафар аз 72 донишгоҳ ва 10 давлати ҷаҳон баргузор гашта, Фаррух Каримзода дар категорияи А (математикҳои касбӣ) бо намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон рақобат намуда, маҳорати баланди зеҳнӣ нишон дод ва соҳиби медали тило гашт. Ин аввалин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин олимпиада ба ҳисоб меравад.

Фаррух Каримзода дар омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ саҳми фаъол дошта, ба насли наврас кумак мерасонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД