Arzon march 2024
Маҳфили шеъру адаби Тоҷикистон ва Эрон дар Китобхонаи миллӣ
193

 

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Китобхонаи миллӣ маҳфили шеъру адаби Тоҷикистон ва Эрон баргузор гашт. Дар чорабинӣ шоирону нависандагон, аҳли фарҳанг ва санъату ҳунари ду кишвари дӯст иштирок доштанд.

Матлубахон Сатториён,  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни чорабинӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Эрон ду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, пайванди таърихию мероси муштарак доранд ва баргузории чунин маҳфилҳо робитаи ду давлатро боз ҳам бештар густариш медиҳад.

Ризо Солеҳии Амирӣ, Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар навбати худ изҳор намуд, ки Тоҷикистон ва Эрон бо мутафаккирони илму адаби оламшумули худ тавонистаанд дар ҷаҳон шинохта шаванд. Бо шарофати чунии шахсиятҳо фарҳангу таърихи бойи ду миллат то ба имрӯз пойбарҷо буда, сол то сол густариш меёбад.

Мҳмонони барномаи фарҳангӣ ба тамошои  Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва «Кохи Наврӯз» рафта, бо осори таърихию фарҳангии миллати тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД