Arzon march 2024
Мадина Давлатова: Худам гӯшт намехӯраму ба ҳайвонҳо гӯшт медиҳам
31.10.2024
ОИЛА.ТҶ
700

Мадина Давлатова директори боғи ҳайвоноти “Парвоз” дар вилояти Суғд аст. Фарорасии фасли тирамоҳ ва мавсими сармо ин занро нигарон кардааст, зеро боғи мазкур, ки дар Наврӯзгоҳ, ба истилоҳи мардум Чумчуқарал ҷойгир аст, шароити лозима надорад.

Зимистони гузашта, теъдоди зиёди ҳайвоноти нодири боғи ҳайвоноти Парвоз бинобар набудани шароити мувофиқ ва сардӣ нобуд шуданд. Давлатова мегӯяд, боғи ҳайвонотро ҳанӯз 7 сол пеш бо харҷи зиёд таъсис дод, аммо ягон дастгирӣ надид, баръакс беш аз 20 ҳайвони гаронаш талаф ёфтанд.

«Ман ҳаракат мекунам, ки ҳайвонҳо гурусна намонанд. Вақте як ҳайвони боғамон вафот мекунад, ғамгин шуда, чанд моҳ ба худ омада наметавонам. Охир, ин ҷонварон ҳам ҷони зинда доранд»,- мегӯяд ӯ бо таассуф.

“Парвоз” ягона боғи ҳайвоноти шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад, ки солҳои қаблӣ беш аз 40 намуди ҳайвоноти нодир ва паррандаю хазанда дошт. Имрӯз аз ин теъдод бештар аз 10 намуд боқӣ мондаасту халос. Сабаби якбора талафёбии ҳайвонотро роҳбари он дар набудани шароити мувофиқ рабт медиҳад. Зеро дар фасли сармо дар ҳудуди боғ барои нигоҳубини ин ҳайвонот умуман шароити зарурӣ мавҷуд нест.

«Дар ҳавои сард барои ҳайвонҳо ғизои хуб ва ҷойи гарм бояд муҳайё бошад, то аз сардӣ эмин монанд. Ман бо тамоми ҳастӣ кӯшиш мекунам, ҷонваронро ҳифз намоям, аммо боз ҳам шароити хубтар лозим аст. Барои мисол, як палангро чанде қабл бо нархи 13500 доллар харидорӣ кардам. Фикр мекунам, дар ин тиҷорат ҳатман сарпараст зарур аст, зеро барои ман ҳамчун зан мушкил аст нигоҳубини ҳайвонҳои ваҳшӣ»,-қайд менамояд Давлатова.

Имрӯз, дар боғи мазкур шеру паланг, хирсу маймун, гови шашпоя, шутур ва чанд намуди паррандаву дарранда ва хазанда нигоҳубин карда мешаванд. Бино ба гуфтаи Мадина Давлатова новобаста аз зан буданаш бо олами вуҳуш сарукор дорад, ба як шери дар боғ буда, дар як рӯз 25 кило гӯшт медиҳад. Тавре қаҳрамони мо нақл мекунад, рӯзҳое буданд, ки аз чанд ташкилоти қарзӣ пул қарз гирифта, барои нигоҳубини ҳайвонот сарф кардааст.

«Ман худам гӯшт намехураму ба ҳайвонҳо гӯшт медиҳам. Гуруснагии ҳайвонро кадом вақт мефаҳмӣ? Агар ҷонвар гурусна бошад, хоб намеравад, бетоқатӣ мекунад. Бо сабаби он ки ҳайвонҳо хӯрокро бо душворӣ ҳазм мекунанд, дар як рӯз танҳо як маротиба онҳоро мехуронем. Барои мисол, ба шер соатҳои 10-и шаб 25 кг гӯшт медиҳем, барои гург бошад, то 12 килограм. Хирсҳо бештар меваю сабзавот ва гӯшт мехуранд. Дар зимистон ҳар рӯз ба ҳайвонҳо хӯрок медиҳем, вале дар фасли гармо тибқи қоидаҳои боғи ҳайвонот ду рӯз пас ба онҳо ғизо медиҳем»,-нақл мекунад ин зани раҳмдил.

Мадина Давлатова баъзе аз ҳайвонҳоро аз боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе, баъзеашро аз шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон харида, ба шаҳри Хуҷанд овардаааст, ки хеле нархи гарон доранд. Масалан, як шери модда наздики 4 ҳазор доллар ва як паланг қариб 5 ҳазор доллар арзиш дорад. Набудани ҷой, набудани тамошобин, гарон будани маҳсулоти ғизоӣ ва ҳатто дар ҷойи садамавӣ қарор доштани ҳайвонҳои ваҳшӣ мушкили асосии ин соҳибкорзан аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД