goodwell
Маблағи ҷарима, сиёҳкунии шишаҳои мошин, боҷи давлатӣ ва пардохтҳои дигар зиёд мешавад
18.11.2026
Оила
61

Маблағи ҷарима, сиёҳкунии шишаҳои мошин, боҷи давлатӣ ва пардохтҳои дигар зиёд мешавад

Шурӯъ аз 1-январи соли 2027 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон ба андозаи 3 сомонӣ зиёд шуда, аз 78 сомонӣ ба 81 сомонӣ хоҳад расид. Дар робита ба болоравии ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи ҷарима, андозу боҷи давлатӣ, сиёҳ кардани шишаи мошинҳо, хидмати ҳарбии алтернативӣ ва дигар пардохтҳо низ боло меравад.

Ёдрас мешавем, ки аз соли 2019 инҷониб меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳамасола боло рафта истодааст. Соли 2025 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомонӣ муқаррар гашта буд, вале аз оғози соли 2026 он ба андозаи 3 соомнӣ зиёд шуда, ба 78 сомонӣ расид. Дар маҷмӯъ дар 10 соли охир меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду баробар зиёд шуда, аз 40 сомонии соли 2015 ба 78 сомонӣ расидааст ва аз оғози соли 2027 он ба 81 сомонӣ баробар мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД