Лайлӣ Каримова яке аз санъаткорони ҷавону хушовози тоҷик буда, духтари сарояндаи маҳбуб Ҷамила Каримова мебошад. Мо бахшида ба иди Наврӯз бо ин духтарак ҳунарманд суҳбати гуворое оростем, ки фишурдааш пешкаши шумо - хонандагони азиз мегардад.
- Наврӯзи оламафрӯз муборак бошад, Лайлибону!
- Як ҷаҳон сипос. Наврӯзро, ки аз қадим иди аҷдодиву меросии ниёгони мо ба шумор меравад, ба ҳама тоҷикону Тоҷикистониён муборак бод мегӯям!
- Шахсан шумо ҳам сол наврӯзро чӣ гуна ҷашн мегиред?
- Чун мо санъаткорем, Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомат дар консериҳои идона ва сабтҳои телевизионӣ мегузаронем, баъдан агар имкон даст дод, ин идро мисли дигарон дар ҳалқаи аҳли оила ва хешутабор низ таҷлил менамоем.
- Имсол Наврӯзро чӣ гуна ҷашн гирифтаниед?
- Албатта бо ниятҳои неку нақшаҳои нави эҷодӣ. Наврӯз аслан маънои навро дорад ва ман кӯшиш мекунам, ки дар наврӯз дар ҳаётам ягон навигарӣ ба вуҷуд ояд, то ки зиндагӣ боз ҳам рангинтар гузарад.
- Яке аз рамзҳои асосии Наврӯз суманак аст? Бо ин қадар серкорӣ шумо вақт меёбед, ки дар ҷашни Наврӯз суманак пазед?
- Як мақоли халқӣ ҳаст-ку, дили инсон агар хоҳад, ҳама чӣ мешавад. Ман ҳам кӯшиш мекунам, ки новобаста басерташвиш буданам вақт ёфта, ба деҳа ба аёдати бибиҷонам равам, чунки ҳама хешу табор дар он ҷо сарҷамъона суманак мепазанд ва дар гирди деги суманак рақсу бозӣ карда, аз Парвардигори олам таманнои оромиву тенҷии Ватан ва ободии зиндагии худро менамоем.
- Кори эҷодӣ аз кас нерӯи зиёдро талаб мекунад. Хастагии худро чӣ гунабартараф месозед?
- Мо Ватани нозанин биҳиштосое дорем, ки кас тамоми умр кор кунад ҳам, хастагиро эҳсос намекунад. Вақте киэҳсоси хастагӣ намудам бо ҷигарбандони нозанинам ба тамошои шаҳр мебароям ва хастагимаро бо тамошои зебогиҳои диёрамон рафъ месозам.
- Таманниёти шумо ба мардуми Тоҷикистон дар иди Наврӯз?
- Пойдории сулҳу субот, ободиву озодӣ ва умри дарозу сиҳатмандии Пешвои муаззами миллат, саломатии тамоми тоҷику тоҷикистониён таманнои ҳамшагии банда аст. Илоҳо ҳеҷ тоҷике ғамудард набинад. Файзу нусрату фаровони дар дастурхони тамоми мардум бошад.
Наврӯзи оламафрӯз ба ҳамаамон фархундаву хуҷаста бод!