Дар чаҳорчӯбаи иқдомҳои роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” оид ба омӯзиши касбӣ ҷалб намудани кормандон ва ба ин васила баланд бардоштани тахассуси касбӣ ва маҳорати онҳо танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ дар давлати Ҷопон курсҳои такмили ихтиссосро оид ба таҳия ва гузаронидани санҷиши муқаррароти парвозҳо бо муваффақият хатм намуданд.
Роҳбарони парвозҳо бошад дар Донишгоҳи давлатии авиатсияи граждании Санкт-Петербург аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, соҳиби шаҳодатнома шуданд. Ин нуқта дар нишасти хабарии имрӯза дар ниҳоди мазкур таъкид гардид.
Дар идома қайд карда шуд, ки 9 нафар мутахассисони метерологии корхона ба Донишгоҳи такмили ихтиссоси мутахассисиони метерологияи шаҳри Маскав барои омӯзиш ва такмили ихтисос сафарбар карда шуданд.
Илова гарид, ки Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ва филиалҳои он дар дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб дар давоми нимсолаи аввали соли 2024 ба 33 379 ҳавопаймо хизмат расонида аст, ки ин шумора ба ҳамин давраи соли гузашта 8133 адад зиёд мебошад.
“Корхона бо мақсади таъмини бехатарии парвозҳо дар ноҳияиҳои Мурғоб, Ванҷ, Данғара, Лағш ва шаҳрҳои Исфара, Хоруғ таҷҳизоти метерологӣ бо панелҳои офтобӣ насб гардид, ки об барои муайян кардани ҳарорат, намнокӣ, фишори атмосферӣ, суръат ва самти шамол пешнибинӣ гардидааст”, - гуфт ин ниҳод.
Ҳамин тавр, Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия”дар системаи Авиатсияи граждании Тоҷикистон, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъмин намудани таҷҳизоти муосири хизматрасонии аэронавигатсионӣ, бехатарӣ ва васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, ифтитоҳи парвозҳо ва хатсайрҳои нав нақши калидӣ дорад.