Фарҳод Мирсаидови 36-сола рассом, наққош ва кундалнигор буда, солҳост, ки ба офаридани асарҳои гуногун машғул аст. Асарҳои офаридаи ҳунарманди ҷавон имрӯзҳо зинатбахши биноҳои миллию фарҳангӣ мебошанд. Хабарнигории сомонаи Oila.tj бо ҳунарманд ҳамсуҳбат шуда, аз саргузашти ҷолиби ӯ ва роҳҳои рушду эҳёи ҳунарҳои қадимаи миллӣ нақл кард.
"Тӯли 14 сол 200 кундал омода кардам"
Фарҳод Мирсаидов зодаи куҳаншаҳри Истаравшан аст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна тасмим гирифт ба сафи қувваҳои мусаллаҳ шомил шуда, қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо орад.
Соли 2010 баъди адои хизмати ҳарбӣ ба гурӯҳи наққош-кундалкашии Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дохил шуд. Чун аз хурдӣ завқи зиёд дошт, дар муддати кӯтоҳ тавонист пурра нозукиҳои ҳунари наққошиву кундалнигориро аз худ кунад.
"Аз хурдӣ ба рассомӣ шавқи зиёд доштам. Ҳатто дохили дафтарҳои сиёҳнавис нақшҳои гуногун тасвир мекардам. Аз ин рӯ, ба коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ дохил шудам. Пайваста асарҳои гуногун ва кундалнигорӣ карда, маҳоратамро сайқал медодам. Ҳамин тавр тӯли 14 сол ғайр аз асарҳои рассомӣ 200 кундал омода кардам",- иброз дошт қаҳрамони мо.
Фарҳод Мирсаидов ҳунарашро ба донишҷӯёни Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ва ҳунардӯстон меомӯзонад. То ҳол 250 шогирд тарбия кардааст, ки дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузоранд.
Муаррифгари нақшҳои миллӣ
Фарҳод Мирсаидов дар кундалҳои офаридааш аз нақшҳои ориёӣ ва ҳандасиву зооморфӣ истифода мебарад. Ба гуфти ӯ, дар кундалнигорӣ гулҳои "барг", "себарга", "каҷҷакбарг", "шоҳбарг", "моҳгул", "пахтагул" ва ғайра ба кор бурда мешаванд.
"Мо кӯшиш мекунем нақшҳои миллии тоҷикиро муаррифӣ кунем. Асарҳои кундалнигоршуда ба мо ин имкониятро медиҳанд. Эътибор дода бошед, вақте намояндагони гуногуни мақомоти кишварҳои хориҷа ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом медиҳанд, ба онҳо ҳамчун рамзи эҳтиром асари кундалкоришуда тақдим мекунанд. Кундалро дар табақҳо, лавҳаҳои чоркунҷа, сақфи бино, девор, сутун, мизҳои шашгӯша ва ғайра тасвир мекунанд",- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфти қаҳрамони мо, донистани тарзи дурусти истифодаи ранг баҳри зебову ҷаззоб шудани кундал мусоидат мекунад. Фарҳод мегӯяд, ки қабл аз тасвири нақшу рехтани кундал ба лавҳ ё табақ карбос часпонда, ба он омехтаи бӯру ширеш, шилми дарахту сафедии тухм ва алиф истифода мебаранд.
"Рӯйи варақ расми дилхоҳамонро тасвир карда, бо сӯзан сӯрох мекунем, сипас дар он хокаи сиёҳ мерезем, акс мегузарад. Дар деворҳо бошад, бо қалам тасвир мекунем. Баъдан лойи махсусро гирди нақшҳо мерезем. Онҳоро бо зарҳал зарҳалкорӣ мекунем",- шарҳ дод ҳунарманди ҷавон.
Фарҳод ғайр аз рассомӣ ба гаҷкорӣ ҳам машғул аст. Маҳсули дастонашро метавон дар бинои коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан ва чойхонаву тарабхонаҳои гуногун мушоҳида кард.
Дастовардҳои кундалнигор
Фарҳод Мирсаидов дар озмуну фестивал ва намоишҳои зиёди ҳунарӣ ширкат варзидааст. Ӯ ғолиби озмуни "Оилаи ҳунарманд" (2015), "Ҳунар беҳтар аз зар бувад" (2020), "Ҷилои ҳунар" (2023) гардида, соли 2022 дар озмуни "Ҳунарманди сол" ғолиб гаштааст. Мавсуф борҳо бо сипосномаву ифтихорномаи МИҲД-и шаҳру вилоят қадрдонӣ шудааст.
Қаҳрамони мо дар якчанд намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва ғайра иштирок кардааст. Ҳамасола дар кишвар дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ҳунарашро ба маъраз мегузорад. Ӯ ният дорад дӯкони ҳунармандӣ таъсис дода, асарҳои худ ва шогирдонашро ба фурӯш гузорад.
Абдуғаффор ШОДИЕВ