Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шарикони байналмилалии рушд, аз қабили Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон/Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар, ки бар асари омадани селҳо зарар диданд, кумак расонидааст.
Бино ба иттилои КҲФ, аз ҷумла, ба 346 хонаводаи ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Ваҳдат, хоҷагиҳои ду ноҳияи шаҳри Душанбе, навоҳии Темурмалик, Хуросон ва Восеъи вилояти Хатлон дар шакли маводи ғизоӣ дар ҳаҷми 300 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 17300 кг орд, 692 литр равғани растанӣ, 1730 кг нахӯд, инчунин 365 бастаи беҳдоштӣ ва 32850 дона ҳаби безараргардонии об кумак расонида шудааст.
Ҳамчунин, барои бартараф кардани паёмадҳои офатҳои табиӣ 500 литр сӯзишвории дизелӣ ҷудо карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин кумакҳо бо техникаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба минтақаҳо расонида шуда, дар ҳузури комиссияҳои ноҳиявӣ бо роҳбарии раисони ҷамоатҳо ба зарардидагон тақсим карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз 15-ум то 28-уми апрели соли 2024 боронҳои пуршиддат сабаби омадани селҳо дар ҷамоати шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Рӯдакӣ, навоҳии Темурмалик, Хуросон ва Восеъи вилояти Хатлон шуда буд.