sebiston july new
Корҳои сохтмонии иншооти тандурустӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин идома доранд
382

Корҳои сохтмонии иншооти тандурустӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки дар доираи татбиқ гардидани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидааст, бомаром идома доранд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, аз рӯи ҳадафҳои татбиқ гардидани Лоиҳаи мазкур дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сохтмони Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии ноҳиявӣ дар назар дошта шудааст.

- Қобили зикр аст, ки оғози корҳои сохтмонии иншооти тандурустӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин моҳи октябри соли 2022 таҳти иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта буд. Иншооти мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешаванд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки айни замон корҳои сохтмонии иншооти мазкур дар ноҳия бо сифати баланд ҷараён дошта, 78% иҷро шудаанд. Бояд гуфт, ки баъд аз анҷоми корҳои сохтмонӣ муассисаҳои болозикр бо муосиртарин дасгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин хоҳанд гашт ва барои зиёда аз 57 ҳазор нафар аҳолии ноҳия хизматрасонии босифати тиббӣ пешниҳод хоҳанд намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД