Formula novemver 2024
Кока-Кола нӯшокии Тоҷикистон хайрхоҳи табибону беморон аст!
1772

Дар ин рӯзҳои сангин ба кулли мардуми Тоҷикистон хушбахтона кам нестанд нафарони хайрҳое, ки мустақилона ва аз номи ширкат ба духтурони беморхонаҳо ва сонинони камбизоат дасти кӯмакро дароз мекунанд. Ин гувоҳи ҳисси гуманистӣ доштани халқи шарифи Тоҷикистон аст.

Дар қатори дигар ширкатҳо Coca-Cola, ки нӯшокии маҳбуби дили ҳазорҳо нафарон ҳаст, чанд маротиба кӯмаки башардӯстонаи худро ба табибони кишвар дареғ надошт. Кока-Кола Нушокиҳои Тоҷикистон дирӯз ба беморхонаҳои ВМКБ дасти кӯмак дароз намуд. Аз ҷумла, аз ҷониби ширкати мазкур ба беморхонаи вилоятию марказии шаҳри Хоруғ барои дастгирии пизишкон ва беморон ба миқдори беш аз 6,300 якӣ хӯрокворӣ дода шуд . Кӯмак, инчунин, дар байни духтурони дигар ноҳияҳои вилоят тақсим карда мешавад.
Чунин кӯмаки хайриявиро Кока-Кола Нушокиҳои Тоҷикистон дар саннаи 11-май ба беморону табибони шаҳри Душанбе , Кӯлоб ва Бохтар низ расонда буд. Ин кӯмак бо дастгирии Вазорати Тандурустӣ дар шакли 3,000 литр оби Bonaqua ба кормандони соҳаи тибб, ки дар мубориза бо COVID-19 дар сафи пеш қарор доранд, расонда шуд.
Ин ширкат дар саҳифаи фейсбукиаш "Coca-Cola Tajikistan" навиштааст: " Дар ин лаҳзаи мушкил ширкати мо дар паҳлуи ҷомеаи худ ҳаст ва кӯмаки хайриявӣ расонданро давом медиҳад!".

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД