Formula novemver 2024
КӮМАКИ ҲЕМА МАЛИНӢ ДАР МУБОРИЗА БО COVID-19
06.06.2021
Оила
1566

 

Ҳема Малинӣ, ҳунарпеша ва сиёсатмадори 72-солаи ҳинд, дар мубориза алайҳи COVID-19 ба мардуми кишвараш кӯмак кардааст. Дар ин бора хабаргузории “ZEE-TV” иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ҳунарпеша ба сокинони деҳаи Браҷаи ноҳияи Матҳура ҳафт адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ туҳфа кардааст. “Аз оне ки ба сокинон ҳафт дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ туҳфа кардам, худро хушбахт меҳисобам”,-навиштааст ҳунарпеша дар саҳифаи Твиттераш. Ҳамчунин, Ҳема Малинӣ ният дорад, ки дар наздиктарин фурсат дигар деҳаҳои ноҳияи Матҳураро бо 60 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ таъмин намояд. Ҳема Малинӣ ягона ҳунарманди ҳинд нест, ки ба мардуми кишвараш дар мубориза бо COVID-19 кӯмак мекунад.

Чанд рӯз қабл Салмон Хон, ҳунарманди 55-солаи ҳинд ба 25 ҳазор нафар кормандони соҳаи синамои Ҳиндустон бо маблағи умумии 37,5 миллион рупия кӯмаки молӣ расонида буд. Приянка Чопра, Акшай Кумар, Сону Суд, Анупам Кҳер ва Варун Дҳаван низ бетараф набуда, ба сокинони кишварашон кӯмак кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД