Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи вилояти Ҳироти Афғонистон кӯмаки башардӯстона ирсол менамояд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст.
Гуфта шудааст, ки Ҳукумати кишвар ният дорад ба он ҷо маводи ниёзи аввалро ирсол намояд.
“Тибқи дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар айни ҳол барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба мардуми зарардидаи Афғонистон аз вазъи бавуқуъомада дар пайи заминларза чораҳо меандешад”, - иттилоъ додааст ВКХ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 7 октябр вилояти Ҳироти Афғонистонро якбора силсилаи заминҷунбиҳои қавӣ такон дод, ки дар натиҷа беш аз 2 ҳазор нафар қурбон шуда, даҳҳо ҳазор тани дигар бехонаву дар монданд. Ҳамчунин, шумораи зиёди одамон бенишон шуданд, ки ҳоло ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.