Салмон Хон, ровӣ ва ҳунарманди 55-солаи ҳинд ба як қатор кормандони соҳаи синамои Ҳиндустон кӯмаки молӣ расонидааст. Дар ин бора хабаргузории “ZEE-TV” иттилоъ медиҳад. Бинобар паҳн шудани бемории сироятии COVID-19 дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Ҳиндустон қисми зиёди мардум муваққатан бекор мондаву барои рӯзгузаронӣ пасандозе надоранд.
Кормандони соҳаи синамо низ аз соли гузашта ба инҷониб аз кори худ дур шуда, бе даромад мондаанд. Дар ҳамин рӯзҳои сахту ҳассос Салмон Хон тасмим гирифтааст, ки ба корти бонкии 25 ҳазор нафар кормандони соҳаи синамои Болливуд 1500 рупиягӣ (230 сомонӣ) кӯмаки яквақтаинаи молӣ бирасонад. Ҳаҷми умумии маблағе, ки ҳунарманд ба ҳамкасбонаш хайр мекунад, 37 миллиону 500 ҳазор рупияро ташкил медиҳад. Ашок Дубей, котиби генералии Федератсияи коргарони синамои Ҳиндустони Ғарбӣ низ хабари мазкурро тасдиқ карда, гуфтааст, ки Салмон Хон аллакай ба хонаводаҳои аз COVID-19 зарардида ва бекормонда кӯмаки худро расонидааст. Ҳамчунин, чанд рӯз қабл филми нави ҳунарманд бо номи “Radhe: Your Most Wanted Bhai” ба намоиш гузошта шуд, ки маблағи аз он ҷамъшуда низ бар зидди мубориза бо COVID-19 сарф карда мешавад.