arzon replenishment
Кибриё Раҷабова дубора ба саҳна баргашт
2767

 

Кибриё Раҷабова, овозхони ҷавон ва давоми чанд соли охир нопайдои тоҷик бо нашри таронаи ҷадид аз дубора баргаштанаш ба саҳна дарак дод. Ин таронаи тозаэҷод “Кӣ будӣ” унвон гирифта, шеъраш моли шоира Хосият Вализода ва оҳанг аз оҳангсоз, шоир ва овозхон Тобиш Ҳилолӣ мебошад.

Бозгашти дубораи овозхон мухлисонашро то ҳадде шод гардонидааст. Каримҷон Исмоил, як тан продюсери тоҷик низ аз баргаштани овозхон ба саҳна изҳори хурсандӣ карда, ба корҳои эҷодии ӯ дар оянда муваффақият хостааст. Мо низ барои гирифтани маълумоти бештар ба Кибриё Раҷабова муроҷиат намуда, нахуст бозгашти дуборааш ба саҳнаро муборакбод гуфтем. Пасон дар мавриди анҷом додани як сӯҳбати кӯтоҳ овозхон ваъда дод, ки ҳоло наметавонад ва дар наздиктарин фурсат барои мухлисонаш ҳатман сӯҳбате меорояд. Ҳоло вақте дар шабакаи Интернет сурудҳои овозхонро ҷустуҷӯ мекунем, таронаҳои 10-13 сол қабл нашршудаи ӯ пайдо мешаванд. Суруди “Лайливу Маҷнун” дар иҷрои Кибриё Раҷабова ва овозхони дигари тоҷик Остон Азизов чанд сол қабл миёни мардум ба қавле “хит” шуда буд. Боварӣ дорем, ки овозхон дигар таваққуф намекунад ва дар саҳна мемонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД