Дар шаҳри Душанбе намояндагии ширкати машҳури «Кia Motors»-и Ҷумҳурии Корея кушода мешавад.
Дар ин хусус аллакай байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лесинвест»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Кia Motors»-и Ҷумҳурии Корея созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.
Созишнамаро Раиси Шурои директорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лесинвест» Шарифбек Давлатов ва намояндаи расмии ширкати «Кia Motors»-и Ҷумҳурии Корея Ҷуҳо Ким имзо намуда, имконияти ҳамкории байни ширкатҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи шартномаи тарафайн ширкати «Кia Motors»-и Ҷумҳурии Корея дар ояндаи наздик дар пойтахти Тоҷикистон—шаҳри Душанбе намояндагии худро ифтитоҳ хоҳад кард.
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея сол то сол рушд ёфта, барои тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар заминаҳои хуб фароҳам омада истодаанд.