Номаҳои пурсӯзу гудози хонандаҳоро хонда, фикр мекунам, ки дар ҷомеаи мо мисли ман одамони аламдор хеле зиёданд. Ба духтарони чавони замони имруз нигариста, баъзан зиқ мешавам.
Ман соҳиби ду фарзанд - як писару як духтарам. Ба писарам духтари дӯстдоштаашро аз деҳаи худамон келин кардем. Келинро мисли духтарам медонам. Зиндагиамон вазнин шуду писарам роҳи муҳоҷиратро пеш гирифт. Баъи рафтанаш ҳис мекунам, ки келинам ба шавҳараш хиёнат мекунад. Ӯ барои суҳбат бо писарам дар шабакаи “Одноклассники” саҳифа кушод. Ман бошам барои санҷидани ӯ бо номи писарам саҳифа кушодам.
Рӯзе телефони келинам тасодуфан ба дастам афтоду суханони пурмеҳри зани шавҳардорро бо ҷавоне хонда, ҳуш аз сарам парид. Ба рақами он ҷавон занг зада, худро модари келинам муаррифӣ кардам. Ӯ гуфт, ки муҷаррад асту кайҳо боз бо Шаҳноза вомехӯрад. Бача ҳатто намедонад, ки келини ман шавҳару як писарча дорад. Аниқтараш келинам инро аз ӯ пинҳон кардааст. Наберачаамро сахт дӯст медорам.
Келинам чанд бор маро фиреб карда, гуфт, ки гурдаҳояш сахт дард доранду барои ташхис ба беморхона меравад. Ман иҷозати рафтан медодам, вале намедонистам, ки ӯ бо ҷавони бегона ишқварзӣ менамояд. Дидану исбот кардани чунин хиёнат, бахусус барои модар хеле мушкил аст.
Ҷигарам месӯзад. Охир, писари ман ин хиёнаткорро бо тамоми ҳастиаш дӯст медорад. Ҳар бор, ки аз Русия занг занад, аввал гӯширо ба келинам медиҳам. Писарам ҳамеша мегӯяд, ки зану писарчаашро сахт пазмон шудаасту ба наздикӣ меояд. Мани дилсӯхта ҳамчун модар ҷуръат намекунам, ки ҳақиқати ҳолро ба писарам нақл кунам.
Духтари калонам боре гуфт, ки “оча, дар деҳа овоза аст, ки янгаам бо кадом ҷавоне дар Боғи истироҳатии “Сомонӣ” сайру гашт карда мегардад”. Ба духтарам гуфтам, ки “ту кордор нашав, чун бо чашмат надидаӣ, бовар накун” ва сарзанишаш намудам. Ман ба келинам гуфтам, ки “то омадани шавҳарат бе иҷозати ман танҳо ба ҷое намеравӣ”. Ӯ табассум карда гуфт, ки “майлаш”.
Як шаб садои таппӣ карда афтидани чизе ба гӯшам ба гӯшам расид. Тарсида, аз хобам бедор шудам. Давида ба рӯйи ҳавлӣ баромадам. Суроби мардеро дидам, ки аз тирезаи хонаи келинам даромад. Тез аз ҷоям хестаму рафта, дари утоқи хонаи хоби келинамро бо қаҳр кушодам. Шаҳноза бо либоси ҳарир интизори маъшуқааш буд. Талхакаф шудам. Мард маро дида, бо шаст гурехт.
Ману келин сахт ҷанҷол кардем. Ӯ аз мӯйҳоям дошта, маро бо мушту лағад кӯфтан гирифт. Зӯри ман ба келини фарбеҳак нарасиду ба рӯйи замин афтодам. Келинам ҳамин замон ба писарам занг зада, гуфт, ки “очаат маро чашми дидан надорад. Зада аз хона берунам кард. Ман аз хонаи шумо меравам”.гуфт ӯ бо қаҳр ва аз телефонро хомӯш кард. То ман асли воқеаро фаҳмонидам, ки писарам ба сарам дод зада, гуфт: “оча, чаро зиндагии маро вайрон дорӣ? Ман зани мепартофтагӣ надорам”. Мехостам тамоми воқеаро ба ӯ нақл кунам, аммо писарам маро гӯш накард. Инак, як моҳ аст, ки писарам бо ман гап намезанад. Келин бошад, набераамро гирифта, ба хонаи модараш рафт.
Дирӯз шунавидам, ки писарам пул фиристодаасту келини хиёнаткорам бо писарчааш ба назди ӯ мерафтааст. Сабрам ба охир расид. Охир ман модарам ва тақдири фарзандам барои ман муҳим аст. Чунин зани хиёнаткор наметавонад писари аблаҳи маро хушбахт кунад. Хонандагони муҳтарами “Оила” чӣ кор кунам? Тақдири ин писари зудбовари ман оянда бо чунин зани бачабоз бо чи меанҷомад? Хоҳиш, бароям маслиҳат диҳед.
Малоҳат АЗИЗОВА,
истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе