Зиёдахола намози бомдодро хонда, болои ҷойнамоз тасбеҳ мегардонд. Аз байн як соат ё аз ин ҳам зиёдтар гузашт. Офтоб ҳам аз зери абрҳои сиёҳ баъзур баъзур нурҳои худро сӯи замин равон карда дунёро равшан мекард. Ин келинҳо куҷо шуда бошанд?
Аҷаб даврае шуд, агар рӯзи дароз аз хонаат набарои парвоят надоранд, намегӯянд ин кампир мурдаай ё зинда. Як каме дигар нишасту охир, косаи сабраш лабрез шуда ба ҳавли баромад. Оҳ кош намебаромад, рӯи ҳавлӣ пур аз хасу хошок, мурғон якдигарро қӯт – қӯт кунон ҷеғ зада, ҳамаро титу парешон карда бо завқ болҳои худро меафшонданд. Оҳ Худоҷон ин чӣ рӯзи сиёҳ аст, киш кишкунон сӯи ошхона рафт. Хост як пиёла ҷой монда субҳона хурад, дари ошхонаро кушода ҳуш аз сараш парид, ҷое наёфт пойҳояшро гузораду чой монад. Ба қафо баргашта баъзур зонуҳояшро дошта ба даҳлез баромад. Келинҳо – ҳо келинҳо шумо куҷоед? Аз ҳеҷ ҷое садое набаромад, инҳо дар кадом чаҳ даромада бошанд? Ба хонаи келини хурди даромад,аз ӯ дараке набуд, фойгаҳаш нағундошта, либосҳои писараш парешон, ҳамаи инро дида дуд аз димоғаш баромад, наход арӯсаки панҷ шаш моҳа ин қадар беҳавсалаи ноӯҳдабаро бошад. Ҳайфи ҷавониҳоямон дар як нафас ҳамаи корҳоямонро ба анҷом медодем.
Уфу – воҳ гӯён сӯи утоқи келини калон рафт. Дарро кушода бинад келинҳо дастҳо таги манаҳашон дар таги “телевизор” чунон бо ҳаяҷон нигоҳ мекарданд, ки ҳатто даромадани хушдоманашонро нафаҳмида монданд. Ҳой бешарафон шарм намедоред, офтоб болои саратон омадаасту шумо филм нигоҳ доред, як ба берун баромада бинед мурғҳо ҷорӯб дар даст ба ҷойи шумоён ҳавлӣ руфта истодаанд, гусола бошад дар ошхонаатон дегу табақи шаб ҷамъкардаатонро шустаистодааст, лаънат ба ҳамон рӯзе, ки шумоён ба дунё омадаед, як ба гирду атрофатон нигоҳ кунед, келинҳои ҳамсояҳо чӣ кор мекунанд. Рӯз аз ним рўз гузаштаасту мо субҳона нахӯрдаем. Агар ҳозир ягон меҳмон ояд дар куҷо мешинонед? Холаҷон ҳозир ҳамин “рекламаи” охиронаш аст ҷои қизиқаш омадагӣ “Хуррамсултон” ҳозир янааш Хатичаро мутаҳҳам кардани боз ин “барқ” ҳам мемурад. Зиёдахола феъли келинашро медонист аз “асп фарояд ҳам аз узанг” не даро пушиду ба “туркҳо” лаънат хонд.
Ин “туркҳо” дигар кор надошта бошанд фақат “филм” мебардоранд. Эй кош ҷорӯбҳои “роботи” сандуқҳои дегу табақшӯи мебароварданду одамони мисли келинҳои танбали ман онҳоро истифода мебурданд. Дод аз дасти ин келинҳои танбалу ин “Хуррамсултон”. Ба ҳавли баромад, нигоҳ кард аз қошу қавоқи келини хурдӣ барфу борон борида истода дар даст як ҷорӯби дароз бо қаҳр ҳавлӣ меруфт. Аз субҳона умедашро канда ба беруни дарвоза баромад, болои ғуначӯбе, ки назди дарвоза хобида буд, нишаст. Як каме ин тараф он тарафро назора карда, хаёлҳояш ба овони ҷавониаш рафт, чӣ қадар бо ғайрат будем, субҳ надамида ҳавлию дарамонро покиза мерафтем. Говҳоро ҷӯшида ба чарогоҳ ҳай мекардем, тазон омада болои сурфа дастурхони калон андохта, болояшро аз ширу қаймоқ, нонҳои сурху сафед, қаламаҳои варақину анворҳои дигар пур мекардему мардҳои хонаро субҳона дода ба кор гусел мекардем.
Баъдан кӯдаконро аз хоб хезонда сер мекардему ба мактаб равон мекардем. Худамон бо хушдоману боз ҳамсояҳои дигар меомаданду якҷоя шухию хандакунон наҳорӣ мекардем. Соате нагузашта боз пешдоманҳоро баста ба корҳои боқимонда даст мезадем.
Дареғо он давраҳо зуд мисли хобу хаёл гузаштанд. Садои сулфа шуду холаи Зубайда ба худ омад, наздаш ҳамсояи рӯ ба рӯяш Салима истода табассум мекард. Ҳа ҳамсоя чаро ин қадар ба фикр фурӯ рафтаӣ? Як соат боз нигоҳат мекунам ба як нуқта нигоҳ карда саратро боло намебардорӣ, тинҷимӣ? Ҳа тинҷӣ – тинҷӣ, каме тобам нест сарам дард мекунад. Агар аз ҳоли хонаамон гап занам, дар бало мемонам инро Салимаи шақ – шақа мегӯянд. Як гапро садто карда ба ҳама нақл мекунад, аз ин беҳ ин розҳоямро дар дилам нигоҳ дорам. Ҳа ҳамсояҷон шумо хуб ҳастед? Худ ба худ чӣ пичир – пичир доред, ҳеҷ чиз не гуфтам кӯ тобам нест, дардам авҷ мекунаду худ ба худ аз Худо шифо металабам ба ман аҳмият надеҳ ҳамсоя, дар ин рӯзҳо шумо чӣ ҳол доред? Муборак шавад духтаратонро фотеҳа кардаед. Ҳа, ҳамсояҷон раҳмат, Худо ба шумо ҳам ин рўзро расонад, набераҳоятонро тую тамошо карда ба орзуҳоятон расед. Ҳамсояҷон дар ин давр духтар шавҳар диҳи қин шудагӣ. Қудо се чор сумро наздад мепартояду худат медонию “дави аспат”, боз рӯзи тӯйро муайян мекунад. Баъд духтари бечора рӯз то бегоҳ бозор ба бозор бисоти арӯси мекобад. Эй кош ин духтарҳо боз каме раҳм дошта бошанд аз инаш харед аз онаш харед гуфта ҷонатро ба лаб меоранд. Дирӯз ду пойро дар як мӯза андохта барои ман телефон харед, ҳарчанд мефаҳмонам фаҳмидан намехоҳад. Зубайдахола боз ба фикр фурӯ рафт. Худо дар тепаи сари ин хушдоман зад мисли ман гурусна мегардад, субҳонаро дар нисфирӯзи мехӯраду, хӯроки нисфирӯзиро дар шаб. Телефон дар гӯш рӯзи дароз аллё – аллё.
Ҳамсоя чӣ ин қадар ба хаёл меравед як соат боз гап зада истодаам на ҳа мегӯед на не. Ба фикрам шумо ҳаи “проблемае” дореду қоил нашудаистодаед? Не ҳамсояҷон, гуфтам ку сарам дард мекунад. Салима ба гапҳои Зиёдахола бовар накарда бошад ҳам майлаш гуфту боз сухан кардан гирифт. Имрӯз вақте аз бозор мебаромадем духтарам назди тиллофурӯшҳо рост истода амр кард, очаҷон аз ҳамин гушвору дастпона харида диҳед. О, гушвору чала дори ку гӯям, аз ин ҳам харида диҳед, ҳозир инҳо дар мода инҳоро “Хуррамсултон” мегӯянд. Ҳуш аз сари Зубайдахола парид чӣ гуфтӣ? Гушвору дастпона номашон “Хуррамсултон”? Ҳамсояҷон шумо нағз ҳастед? Ба фикрам саломатиатон он қадар хуб не. Як дуохони кунед, майлаш мекунам гуфту, ҳайрон гушворро фикр мекард. Дар ҳамин лаҳза ғур – ғури “движок” яъне барқдиҳак шунида шуд. Хайр ҳамсояҷон паноҳат ба Худо, ана овози “движок” баромад ба фикрам филми “Хуррамсултон” сар шуд. Зубайдахола на овозаш баромаду на ба ҳамсоя нигоҳ кард. Ду чашмаш ба як нуқта дар фикри “Хуррамсултон” буд. Ту кӣ ҳастӣ? “Хуррам” ин қадар занҳоро аз кор бекор кардӣ, ин қадар ашёҳоро бо номи ту гузоштанд. Орзу мекунам боре туро бинаму, дилакамро холӣ кунам, оҳ “Хуррамсултон”. “Хуррамсултон” ту кӣ ҳастӣ?