Sebiston new 2024 october
Худозада (Қисми 1)
24.03.2022
ОИЛА
4352

Ҳамкорам Самарой 2-3 рӯзи охир хеле хастаҳол менамояд. Саҳар дер, аммо саросема вориди коргоҳ мешавад, 15-20 дақиқа пештар аз вақти хӯроки нисфирӯзӣ ба куҷое давида меравад ва дер карда бармегардад.

Бегоҳирӯзӣ низ першон маҳали корро тарк мекунад. Ҳайрон мешавам, зеро ӯ қаблан ҳамеша хушҳол буд ва аҳли коргоҳро бо шӯхиҳову зиндадилиаш хушҳол мекард. Имрӯз косаи сабрам лабрез шуду аз Самарой сабаби парешониашро пурсидам. Аввал нахост, сири дилашро кушояд, вале пофишориҳои маро дигар тоқат карда натавониста буғзи дилашро кафонид...

Зани оҳанин

Қабл аз он ки гуфтаҳои Самаройро ба шумо нақл кунам, мехоҳам аввал ӯро бароятон муаррифӣ намоям.

Самаройи ҳамкори ман зани оҳанину матинирода аст. Рӯзгори вайро агар ба шумо қисса кунам, ба назаратон афсона менамояд, вале ҳар чӣ менависам, ҳақиқат аст.

10 сол қабл дар рӯзи аввалии кории ман дар ин ширкат шавҳари Самарой аз олам даргузашта буд. Ман дар ин коллектив одами нав будам, вале бо вуҷуди ин, ҳамроҳи ҳамкорон ба ҷаноза рафта будем. Дар ҳамон ҷаноза ҳамкоронам мегуфтанд, ки “бечора Самарой бо 2 кӯдаки маъюб ва як духтари наврас танҳо монд”. Аммо вақте ин зан ба кор баромад, ман дар ҳайрат мондам, зеро ӯ 45-46 сол дошт, вале шавҳараш дар синни 77 аз олам даргузашта буд.

Баъд аз оне, ки мо ҳамкору дугона шудем, сабаби фарқи синну солашро бо шавҳараш пурсидам. Гуфт:

-Тақдир чунин будааст. Ман бо марде зистам, ки 30 сол аз ман калон буд, вале пушаймон нестам.

Мутаассифона, ду фарзанди Самарой аз ин пайванд маъюби гурӯҳи аввал буданд, фақат духтараш шукр, ки солим ба воя расиду зуд шавҳар кард. Нигоҳубини ду маъюб ба дӯши Самарой афтод. Вале баъдан барояш гаронӣ кард, ки хаёлам якеро ба хонаи маъюбон дод. Аниқ намедонам, ӯ дар ин маврид суҳбат кардан намехоҳаду мо ҳам намепурсем.

Бо вуҷуди ин Самарой гули сари сабади идора аст. Зебову шинам либос мепӯшад, ҳамеша ороставу пероста аст, латифа мегӯяд, мерақсад... Дар пуштам ҳамкорон ба матонату мардонагии ӯ қоил мешаванд, ва ӯро “зани оҳанин” мегӯянд...

Ошиқӣ марди ҳақиқӣ

Имрӯз Самаройро ба хӯроки нисфирӯзӣ даъват карда, дарди дилашро пурсидам. Ӯ дурудароз фикр карда, нақл кард:

“Ман дар ҷавонӣ хеле чаққону дидадаро будам. Вақте аз деҳа барои таҳсил ба шаҳр омадам, дунёи нав ба рӯям боз шуд. Солҳои 80-ум шаҳри Душанбе хеле ободу зебо буд. Ҷавонони он даврон кӯшиш мекарданд, ки аз мӯди нав дер намонанд. Дар даст магнитофонҳо дар кӯчаҳои шаҳр мегаштанд. Ин ҳама маро мафтун мекард. Ман гаштугузор дар кӯчаҳои шаҳрро дӯст медоштам. Ҷавонон ҷонибам гап мепарониданд. Ростӣ, ба ман писанд буд, ки мавриди таваҷҷуҳ қарор дорам.

Дар хобгоҳи донишгоҳ ҷой гирифта будам. Дар саҳни хобгоҳ яке аз чунин ҷавонони шӯх ба ман чаққа шуд. Ӯ Файзулло ном дошт ва хеле қоматбаланду зебо буд. Як рӯз вақте бо дастони оҳанинаш дастамро қапид, ки рӯйи барф наафтам, вуҷудам ба таҳрик омад. Тасаввур намекардам, ки аз мард чунин гармӣ эҳсос кардан мумкин аст. Як бор дастамро доштанаш, маро волаву шайдо карда буд.

Оҳиста-оҳиста муносибати ману Файзулло ба ишқ мубаддал шуд. Ман ӯро дӯст доштам. Чунон дӯст доштам, ки дигар бе ӯ зиндагӣ карда наметавонистам. Ман мехостам, ки ҳар лаҳза ӯро бинам, ҳар дақиқа ӯ дар канорам бошад...

Оҳиста-оҳиста ман дигар худамро идора карда натавонистам. Мехостам, ӯ маро ба оғӯш кашад, бӯсад... Мехостам дар оғӯши ӯ бошам, вале Файзулло худро ақиб мекашид...

Як иштибоҳи ҷавонӣ

Солҳои донишҷӯйӣ бо ҳавову ҳавас мегузаштанд. Шабу рӯзи идҳо нафароне, ки хешу табор доштанд, ба хонаи онҳо меҳмонӣ мерафтанд. Онҳое, ки аз навоҳии назди шаҳр буданд, ба хонаҳояшон мерафтанд. Нафароне, ки аз навоҳии дурдаст буданд, дар хобгоҳ мемонданд. Дар яке аз рӯзҳои Соли Нав ман дар хобгоҳ танҳо мондам. Файзулло ҳам ба хотири танҳо будани ман ба ноҳия нарафт. Он шаби Соли Нав ӯ аз мағоза ҳасиб, нон ва хаёлам як шиша шампон харида омад, то ки якҷоя ҷашн гирем.

Мо мусиқӣ монда, аввал хеле рақсу бозӣ кардем, вале нӯшидани як ҷуръа шампон кори худро кард. Ман каме ҳассос шудам ва худамро ба Файзулло наздик мекардам. Ӯ ҳамоно худро дур мекашид. Чун дид, ки азми ман қатъист, нияти рафтан кард, вале ман роҳашро доштам:

-Ман туро мехоҳам, тоқатам тоқ шуд, бе ин ҳам мо зану шавҳар мешавем, - гуфта, лабҳояшро миёни лабҳоям фишурдам. Ӯ аввал “не, не” гуфт, вале дигар тоқаташро аз даст доду ба ман дарафтод. Он шаби ҳаёти ман, хеле фаромӯшнашаванда гузашт, аммо ҳеҷ фикр намекардам, ки ҳаётамро низ сӯхт...

Давом дорад

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД