Расул ном ҷавони раҳдурро дӯст доштаму ду поямро ба як мӯза андохта волидонамро маҷбур кардам, ки хостгориашонро рад насозанд. Падару модарам “роҳ дур аст, азоб мекашӣ” гӯён, маро хуб насиҳат карданд, ки ақламро ба ҷояш орам, вале ишқ маро кару кӯр карда буд ва ба ҷону ҳолашон намонда розигияшонро талаб мекардам.
Ночор фотиҳа доданд ва манудӯстдоштаам бо тӯю тамошо риштаи тақдирамонро бо ҳамдигар пайвастем. Дур аз пайвандонам зиндагӣ карда афсӯс мехӯрдам, ки чаро дар вақташ гапи падару модарамро нагирифтам. Шавҳари ошиқи шайдоям баъди тӯй пӯстинашро чапа пӯшида, симои аслиашро нишон дод. Аз ишқу ошиқӣ гап задан он тараф истад, ҳатто як сухани хуш намегуфт, ки дилам ба зиндагӣ андак гарм шавад. Хоҳару додаронамро ёд карда ҷигархун мешудам, вале мардакҷон, биё ба хонаамон меҳмонӣ равем гӯям, шавҳарам қиёматро қоим карда ба сарам мушт мебардошт ва таъкид мекард, ки дар ҳамин деҳа пӯсида мераваму дидори падару модарамро намебинам.
Лабамро зери дандон гирифта ба ҳамааш тоқат мекардам, то номи бади бевазанро нагирам. Беҳуда меваи сабр ширин аст намегуфтаанд, баъди чанд сол шавҳарам дар Душанбе кор ёфт ва ману ду фарзандамро ҳамроҳаш ба шаҳр овард. Акнун тез-тез ба хонаи модарам рафта аз ҳолу аҳволи пиру кампир ва додару хоҳаронам хабар мегирам.
Беҳуда намегӯянд, ки хушбахтӣ ба осонӣ ба даст намеояд. Сабр кунӣ аз ғӯрра ҳалво мепухтааст. Ба ҳамаи хонандагони сомонаи “Оила” зиндагии шоду хуррамона орзумандам!
Мадина, аз маҳаллаи Гулбутта