Маҳсулоти лозима:
1 дона банан, 1 дона себ, 1 дона нок, 1 дона афлесун, 100 мл саршир,
1 қошуқча шакар, шоколад барои ороиш.
Тарзи таҳия:
Меваҳоро пӯст карда, ҳамаашро баробарҳаҷм реза кунед ва ба зарфи калон гиред. Аз болояш саршир ё йогурт, шакарро мувофиқи табъ илова кунед. Баъди он ки ба зарфҳо гирифтед, аз рӯяш шоколади резаро пошед.