arzon replenishment
Хӯриши тобистона бо боимҷон
995

Маҳсулоти лозима:

Боимҷон - 2 дона

Помидор - 2 дона

Соус - 2-3 қошуқ

Намак - 1 қошуқча

Крахмали ҷуворимакка - 2-3 қошуқча

Гашниз - 1 бандча

Тарзи таҳия:

Дар аввал боимҷонро чоркунҷа реза карда, дар зарф мегирем, ба болояш намак ва крахмали ҷуворимакка ҳамроҳ карда, хуб омехта мекунем. Сипас, ба тоба равған мерезем ва боимҷонро бирён мекунем. Баъдан боимҷони бирёншударо дар зарф гирифта, ба дарунаш соус илова карда, омехта мекунем ва дар зарфи хӯришгирӣ мегирем. Пасон, помидорро низ чоркунҷа реза карда, дар зарф мегирем. Гашнизро реза карда, ба болояш мепошем. Ба болояш панири дилмашуда (творожный сыр) илова мекунем ва каме дигар боимҷону гашниз. Хӯриш омода шуд.

Иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД