Маҳсулоти лозима:
Гӯшти мурғ, қаланфури булғорӣ, 150 грамм панири сахт, помидори черри, равғани зайтун, чошнии соя (соевый соус), мурч, қаланфури хушк (паприка).
Тарзи таҳия:
Гӯшти мурғро реза карда, мурчу “паприка” пошида, соуси соя илова кунед. Баъди 20 дақиқа гӯшти мурғро дар равғани зайтун аз ду тараф муддати 5 дақиқа сурх кунед. Дар ҳамин тоба қаланфури булғориро бирён кунед. Дар хӯришгирак гӯшти мурғи пухта, қаланфури булғорӣ, панир, помидорро омезиш дода, ба хӯриш равғани зайтун илова кунед.