Arzon march 2024
Хӯриши “Анор” барои мизи солинавӣ
29.12.2024
ОИЛА.ТҶ
495

Маҳсулоти лозима:

Гӯшти филеи мурғ – 300 грамм

Лаблабӯ – 1 дона

Чормағз – 50 грамм

Сирпиёз – 2 дандона

Анор – 1 дона

Намак ва мурч – мувофиқи табъ

Майонез

Тарзи таҳия:

Аввал гӯшти мурғ ва лаблабӯро меҷӯшонем,баъд гӯшти мурғро реза карда, дар зарф мегирем. Анорро донаҳояшро ҷудо карда, ба зарф меандозем. Сирпиёз ва чормағзро майда реза карда, ҳамроҳ мекунем. Пасон, намак, мурч ва майонез илова карда, хуб омехта мекунем. Лаблабӯи дар об ҷӯшидаро аз тарошак мегузаронем ва дар болои қоғази пергамент тунук мекунем. Хурӯшро гирдак дар қолаб мемонем ва дар байнаш лаблабӯ мегузорем, пипас, лаблабӯро дар гирди хӯриш мепечонем ва қолаби анор мекунем.

Дар зарфи хӯришгирӣ барги хӯриш гузошта, хӯришро дар байнаш мегузорем. Хӯришро метавонед аз байнаш каме бурида, донаҳои анорро дар байнаш гузоред, мисли анори бурида мешавад. Инчунин, метавонед мувофиқи табъи худ оро диҳед. Тавсия медиҳем, ки ин хӯришро дар хона барои оилаи худ омода кунед, хеле зудтайёр ва сабӯк буда, иштиҳои касро меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД