Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ аз сермаҳсултарин ва маҳбубтарин сарояндагони тоҷик ба шумор меравад. Ӯ бо эҷоди таронаҳои пурмазмуну оҳангҳои дилнишинаш дар қалби дӯстдорони санъат ҷойгоҳи хос касб кардааст. Номбурда тӯли фаъолияти ҳунариаш садҳо таронаи мондагорро ба ганҷинаи мусиқии тоҷик эҳдо намудааст. Таронаҳои ин ҳофизи хушном аз ҷониби сарояндагони зиёд бозхонӣ шудаанд. Бо ин сарояндаи мумтоз, устоди ҳунар ва бонуи поктинату покниҳод ҳамсуҳбат шудем, ки фишурдаи он манзури хонандагони азиз мегардад.
- Мехостем аз солҳои ширину хотирмони наврасию ҷавониятон ёдовар шавем. Дар кадом оила ба камол расидед ва он муҳит дар ташаккули шахсият ва фаъолияти ҳунарии Шумо чӣ таъсир гузошт?
- Банда дар деҳаи зебоманзари Гузари Боди ноҳияи Айнӣ, ки дар миёни кӯҳҳои сарбафалак ва табиати дилфиреби Тоҷикистон ҷойгир аст, ба дунё омадаам. Падари бузургворам геолог буданду дар конҳо кор мекарданд. Вале ба санъату ҳунар муҳаббати зиёд доштанд. Ҳамин буд, ки ман ҳам аз хурдӣ ба хондани суруду тарона шавқ пайдо кардам. Падарам аз Гузари Бод буданду модарам аз деҳаи Фатмев. Рӯзе дар натиҷаи офати табиӣ якчанд хонаи деҳаи Фатмев вайрону валангор шуд. Он ҷо хешу табори модарам зиндагӣ мекарданд. Онҳоро ба ноҳияи Зафаробод муҳоҷир карданд. Хонаҳои тайёре, ки аз тарафи давлат сохта шуда буд, доданд. Мо ҳам ба Зафаробод кӯч бастем. Ҳамин тавр, давоми мактабро дар он ҷо хондам. Дар чорабиниҳои фарҳангӣ, фестивалу озмунҳо суруд мехондам. Боре дар озмуни "Бӯстон" таронае хондам. Хушбахтона, суруди хондаам аз ҷониби ҳам тамошобин ва ҳам ҳакамон хуш пазируфта шуд. Муаллим Муқимов маро ба хонаи радио бурданд ва бо кӯмаки Алиҷон Солиев ду сурудамро сабт кардем. Рӯз аз рӯз меҳри санъат дар дилам ҷо мешуд ва ин меҳр маро ба олами азизу муқаддасу бузурги беканори санъат овард.
- Аз хурдӣ орзу доштед, ки ҳофиз шавед?
- Ҳамон тавре, ки гуфтам аз давраи мактабхонӣ дар озмуну фестивалҳои гуногун иштирок мекардам ва чанде аз таронаҳоям ҳатто дар Хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон сабт шудаанд. Бо вуҷуди ин, орзуи асосии ман ҳофиза шудан набуд. Ман мехостам омӯзгори забони англисӣ шавам ва ояндаи худро дар соҳаи маориф тасаввур мекардам. Лекин баъди мактаб донишкадаи санъатро интихоб кардам. Падарам бисёр инсони санъатдӯст буданд ва ҳамеша истеъдоди маро дастгирӣ мекарданд. Ҳамин тавр, ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи санъат супоридам ва донишҷӯйи ин боргоҳи муқаддас шудам. Боре ҳангоми тамрин дар донишкада устод Аслиддин Низомов пешниҳод карданд, ки дар кафедраи навтаъсиси суруд ва мусиқӣ таҳсил кунам. Онҷо устоди бузурги санъат Барно Исҳоқова дарс медоданд. Ман бо ҷону дил пешниҳоди устодро қабул кардам ва аз аввалин донишҷӯёни ин кафедра шудам. Аз устод Барно Исҳоқова нозукиҳои санъати "Шашмақом"-ро омӯхтам. Давоми чор сол ду ихтисосро хатм кардам. Ҳам "Шашмақом" ва ҳам суруд ва мусиқиро.
- Дар кадом ансамблҳо фаъолият бурдед?
- Соли 1982 ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор даромадам. Солҳои 1982-1983 нахустин таронаҳоямро дар Радиои Тоҷикистон сабт кардам. Аввалин сурудҳое, ки сабт кардам, аз эҷодиёти Нақибхон Туғрал, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир буданд. Баъдан роҳбари ансамбли ҳунарии «Ҷавонӣ» шудам. Тӯли 28 сол сарварии ин ансамблро бар уҳда доштам. Дар ин муддат ҳунармандони маъруфе чун Абдумаҷид Бердиев, Қобилҷон Зарипов, Орзугул Хуҷамова, Алишер Қаноатзода, Гулпарӣ Орипова ва Афзалшо Шодиев ҳамроҳам фаъолият мекарданд. Мутаассифона, дар айни авҷи фаъолияти ҳунариам падари бузургворам аз олам чашм пӯшиданд. Яке аз оромонҳои бузурги зиндагиям ҳамин аст, ки эшон ҳунарнамоии маро дар саҳнаҳои бузург надиданд. Пас аз ин мусибат хостам аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон хориҷ шавам, аммо устодон ва ҳамкоронам нагузоштанд, ки ин макони ҳунарро тарк намоям. Бо ташвиқу дастгирии онҳо фаъолияти эҷодии худро идома додам.
- Дар соҳаи санъат киро идеали худ меҳисобед?
- Устод Ҷӯрабек Муродовро идеали худ меҳисобам. Он касро на танҳо ҳамчун сарояндаи барҷаста, балки ҳамчун устоди бузург ва сарояндаи соҳибмактаб эҳтиром мекунам. Ҳунару фарҳанги волои эшон барои кулли санъаткорон намуна аст. Хушбахтам, ки аз роҳнамоӣ ва таълими устодони бузурге чун Барно Исҳоқова, Муродбек Насриддинов, Боймуҳаммад Ниёзов, Қурбонҷон Содиқов ва Зафар Нозим баҳра бурдаам.
- Санъат ба Шумо чӣ дод ва Шумо ба санъати мусиқии тоҷик чӣ эҳдо кардед?
- Санъат ба ман ҳама чиз дод: ҳам нон, ҳам ном, ҳам эҳтиром, ҳам обрӯ ва ҳам унвон. Сарафрозам, ки хизматҳои маро бо унвонҳои фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ордени «Шараф» қадрдонӣ намуданд. Зиёда аз 40 сол аст, ки дар саҳнаи ҳунари тоҷик фаъолият дорам. Ҳамасола шабҳои эҷодии худро баргузор менамоям, ки ҳар кадоми онҳо тақрибан аз 25 тарона иборат мебошанд. Дар баробари ин, дар консертҳои ҳисоботӣ, чорабиниҳои идона, барномаҳои махсуси фарҳангӣ ва дигар консертҳо пайваста ҳунарнамоӣ мекунам. Аз саҳна дур нестам ва пайваста барои мухлисон таронаҳои нав ба нав эҷод мекунам. Ба тӯю маъракаҳояшон рафта хизмат мекунам.
Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯаи таронаҳои худро бо номи «Армуғони Хосият» ба нашр расондам. Ин маҷмӯа ҳосили солҳои фаъолияти эҷодии ман мебошад. Агар осори эҷодии ман барои рушди санъати мусиқии тоҷик хизмат намояд ва насли ояндаи ҳунармандон аз он баҳра бардоранд, худро хушбахт меҳисобам.
- Албатта, ҳар оҳангу тарона таърихи пайдоиши худро дорад. Масалан таронаи маъруфи "Як ханда кун эй гул"-и Тоҷиддин Муҳиддинов барои табассум кардани духтарашон бахшида шудааст. Хуб мешуд, ки аз таърихи эҷоди таронаҳоятон хоса "Бобо Раҳмон" ҳарф занед.
- Рӯзе Орзугул гуфт, ки дар водии Зарафшон суруде бо номи "Бибӣ Райҳон" ҳаст. Матни суруд ба ман писанд омад. Онро такмил дода ба шакли бадеҳа сурудем. Баъдан фаҳмидем, ки ин таронаи яке аз ҳофизони водии Зарафшон будааст. Дар ибтидо ният доштем, ки ин таронаро панҷ нафар дар ҳайати ансамбл иҷро кунем. Аммо вақте барои сабти суруд ба хонаи радио рафтем, бо сабабҳои номаълум дигар ҳамсафон ҳозир нашуданд. Дар натиҷа, ин таронаро танҳо ман ва Қобилҷон Зарипов сабт ва иҷро кардем. Хушҳолем, ки ин тарона то имрӯз миёни халқ маҳбуб аст. Пайваста кӯшиш мекунам оҳангу таронае эҷод кунам, ки ба дили халқ наздик бошаду аз дили халқ ҷой гирад. Аз ин рӯ, дар интихоби матн борикбинона назар мекунам.
- "Нигина ёр", «Гӯё кун забонамро», «Рӯзгори баргашта», «Хорам макун», «Ташнаи ёди Зарафшон», «Майда-майда хол дорӣ» ин ва даҳҳо таронаҳоятон то ҳол вирди забони мардуманд. Сабаби умри дароз дидани сурудро дар чӣ мебинед?
- Барои умри ҷовидона ёфтани ҳар як суруд пеш аз ҳама матни шеър бояд мазмуни баланд дошта бошад. Ба шунаванда чизе дода тавонад. Дар тамоми ҷаҳон аз ҳама мо шоири зиёд дорем. Ҳам шоирони классик ва ҳам шоирони муосирамон ба адабиётамон ганҷинаи зиёде ворид кардаанд. Мо он ганҷҳоро бо оҳанги дилнавозу руҳнавоз ҳамоҳанг карда пешкаши дӯстдорони санъат созем. Ба онҳо тарзе оҳанг бандем, ки аз дили ҳар як шунаванда ҷой гирад. Аз ин рӯ, ба сарояндагони ҷавон тавсия медиҳам, ки аз эҷоди шоирони бузург ва шеъри пурмазмуну арзишмандро хонанд. Хушбахт аз онам, ки ба ашъори ҳамаи шоирони классику муосир оҳанг баста суруд хондаам. Кӯшиш мекунам, ки боз ҳам оҳангу таронаҳои нав ба нав эҷод намоям.
- Дар кадом кишварҳо сафари ҳунарӣ доштед?
- Санъати тоҷик аз қадимулайём марзҳоро убур кардааст. Оҳангу таронаҳои мо писанди дӯстдорони санъати оламанд. Имрӯзҳо низ ба мушоҳида мерасад, ки санъаткорони ҷавони мо ба ин ё он кишварҳо сафарҳои ҳунарӣ мекунанд. Албатта ин муваффақияти санъаткор аст. Ман ба кишварҳои Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Миср, Ироқ, Исроил, Австрия, Дания, Олмон, Фаронса ва дигар давлатҳои хориҷӣ сафарҳои ҳунарӣ доштам.
- Салоамат бошед! Дар охир барои мухлисон чӣ таманниёт доред?
- Шукри тинҷиву оромӣ, сулҳу субот ва шукри Пешвои сулҳофари ҷаҳон мегӯям. Пеш аз ҳама ба тамоми мардуми дунё тинҷиву осоиш мехоҳам. Ба мардуми сарбаланди тоҷик, хонаободӣ, тансиҳатӣ ва осоиши ҳар ду оламро таманно дорам.
Мусоҳиб: Абдуғаффор ШОДИЕВ