Кайҳост, ки мехоҳам зиндагиномаи падарамро рӯйи коғаз биёрам, то барои мардони дигар, ки фаҳмидаю нафаҳмида ба тори макри фоҳишаҳо меафтанд, дарси ибрат шавад. Азбаски падарам дар қатори расонаҳои дигар «Оила» - ро низ мехонданд, қарор додам номаи дардамро маҳз ба ҳафтавори шумо фиристам.
Падари меҳрубон
Падари ман марди қоматбаланди хеле зебо, рустамбозу, паҳлавони гӯштингир ва полковники милиса аст. Мо дар оила шаш фарзанд буда, аз ҳамдигар танҳо як солӣ фарқ доштем. Модарам ба кору бори ҳавлии калон ва серфарзандияш нигоҳ накарда, ҳамеша тозаю озода мегашт ва аз синну солаш ҷавонтар менамуд. Падарам ӯро дӯст медошту ҳурмат мекард, нисбати мо - чор духтару ду писараш низ бисёр меҳрубон буд.
Аз чизе камбудӣ надоштем. Хонаи дуошёнаи зебои пурҷиҳоз, падару модари меҳрубон ва зиндагии серу пур, аммо ман бо ақли кӯдаконаам дарк мекардам, ки модарам аз чизе ҳамеша маҳзун аст. Падарам аксар шабҳо ба хона намеомад, вале бо омаданаш ба манзиламон нуру сафо медаромад. Ӯ ҳар яки моро ҷудогона навозишу дӯстдорӣ карда, бароямон ҳадяҳо мебахшид. Агар гиряҳои пинҳони модарамро ба инобат нагирем, мо зиндагии хушбахтона доштем.
Сардори милиса
Падарамро дар яке аз ноҳияи сарҳадӣ сардор ё ба қавли маъмул «началники милиса» монданд. Акнун ӯ танҳо рӯзҳои шанбею якшанбе ба хона меомаду халос. Боре ба модарам гуфт:
- Сафияҷон, биё ҳамроҳи ман ба ҳамон ноҳия равем. Кӯдакон дар пеши чашмам мешаванд. Худат ҳам…
- Хонаю дарамро ба кӣ партофта меравам?! - ба миёни сухани падарам лагад зада, гуфт модарам ва маҳзун ба хонаи дигар гузашт.
Ӯро фаҳмидан мумкин буд, зеро солҳои аввали баъди ҷанги шаҳрвандӣ буду модарам аз бурдани кӯдаконаш ба ноҳияи дурдаст метарсид.
Овозаҳои шум
Баъди чанд моҳи кораш дар ин ноҳия ба гӯшамон овозае расид, ки падарам як духтараки ҷавонеро зани дуюм карда гирифтааст. Модарам чанд вақт хомӯш гашту баъд косаи сабраш лабрез гашта, бо падарам ҷангу ҷанҷол бардошт. Падарам оромона гуфт:
- Ман ба ту гуфтам, ки биё ҳамроҳам рав, нарафтӣ, маҷбур шудам, ки зан бигирам. Ихтиёрат, хоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ …
- Нахоҳам чӣ? Маро мепаронӣ? Дар ҳамин ҷо фоҳишабозӣ карданат бас набуд, ки боз дар болоям зан гирифтӣ? - бори аввал ба сари падарам дод зада, гуфт модарам ва инони гиряро сад дод. Падарам чизе нагуфта, аз хона баромад…
Дидори модарандар
Падарам зани дигар гирифта бошад ҳам, мисли ҳарвақта ба хона омада мерафт ва меҳраш ба мову модарам заррае кам нашуда буд. Синфи ҳаштум мехондам, ки падарам маро ҳамроҳаш ба ҷои кораш бурда, бо зани дуюмаш шинос кард. Ҳамсари нави падарам Лайло ном дошта, духтараки ҷавони бисёр зебо ва меҳрубон будааст. Ӯ худро дар назди модари ман гунаҳгор ҳисобида, такрор ба такрор мегуфт:
- Аслан ман зани дуюм шуданӣ набудам, вале тақдиру насиб ҳамин будааст…
Як шаб падарам ба Лайло гуфт, ки тайёрӣ бинад, имшаб ба хона меҳмон меояд. Ману Лайло дукаса дастархони пурнозу неъмат оростем. Бегоҳ як зани сафедпӯсту қоматбаланди ҳамсинну соли модарам ва ду мард даромада омаданд. Зан маро ба оғӯш кашида, меҳрубонӣ карда, занҷираи тиллоии гарданашро кашида, ба гарданам баст ва гуфт:
- Ман холаи Гуландомат мешавам. Ба падарат мегӯям, ки туро ба Душанбе ба хонаи ман барад. Бо духтарони ман дугона мешавӣ…
Ин ҳотамии меҳмон ба Лайло нафориду баъди рафтани онҳо бо падарам ҷанг кард. Падарам гӯё маътали ишорат бошад, аз хона баромада рафту дигар наомад. Лайло зор - зор мегирист…
Зани душавҳара
Рӯзи дигар Лайло қаҳр карда, ба хонаашон рафт. Падарам дигар аз қафояш нарафт. Акнун Гуландом ҳар шаб дар назди падарам буд. Баъди як ҳафта падарам маро ба хонаи худамон овард. Пайти муносиб ёфта, ҳамаи чизи дидаамро ба модарам нақл кардам. Модарам заҳрханда карда гуфт: «Накун ба хешат, ояд ба пешат!»
Аз ин воқеа чанд моҳ гузашт. Шабе падарам бо Гуландому як марди дигар ба хона омад. Модарам аз таҳти дил онҳоро меҳмондорӣ мекард. Ӯро ба ошхона бурда оҳиста дар гӯшаш гуфтам, ки "Гуландом ҳамин аст". Модарам аз меҳмон ошкоро пурсид, ки бо падарам чӣ муносибат дорад. Гуландом хандида гуфт:
- Янгаҷон, ташвиш нашавед. Ману Ҷаҳонгир дӯстони ҷонием. Ман ӯро чун бародар медонам. Ман шавҳару чор фарзанд, домоду келин ва ду набера дорам.
Инро гуфта, вай ангуштарини қимматбаҳоеро аз ангушташ бароварда, ба ангушти модарам андохт. Модари қишлоқии ман ба вай бовар карда, ором шуд, вале…
Макри зан - ҷуволи арзан
Гуландом мувофиқи ваъда маро ба хонааш бурда, бо духтаронаш шинос кард. Вай дар ҳақиқат шавҳар доштааст. Ман ҳайрон мешудам, ки чаро зани шавҳардор дар ноҳия шабҳо бо падари ман мехобида бошад.
Ҳамин тавр, муносибатҳояшон қариб ду сол давом кард. Ин зани палид аз хориҷа бор оварда мефурӯхт ва ба шавҳараш мегуфтааст, ки барои тиҷорати ман «крыша» даркор аст ва Ҷаҳонгир ҳақашро гирифта, маро муҳофизат мекунад, вале…
Ҳақиқат рӯйи об баромаду…
“Офтобро бо доман пӯшонда намешавад” гуфтани халқ беҳуда набудааст. Баъди чанде шавҳараш онҳоро дар бистари хоб дошта, Гуландомро аз хона ронд. Гуландоми фоҳиша хонаи дигар низ доштааст. Вай аз баҳри фарзанду набераҳояш гузашта, дар ҳамон ҷо бо падари ман зиндагии нав оғоз кард.
Амакҳоям падарамро насиҳат мекарданд "аз ин фоҳиша худатро дур гир, ки оқибат ба бало мепечӣ", вале ӯ гапи касеро гӯш намекард…
Бори бало
Падарам дар пойтахт кор карда, зуд - зуд ҳамроҳи Гуландом ба хориҷа сафар мекард. Вай моро дер - дер хабаргирӣ биёяд ҳам, пул фиристода меистод. Як рӯз писари амакам бо ранги канда аз дар даромада гуфт, ки акаамро зиндонӣ карданд….
Баъдтар фаҳмидем, ки аз дохили мошини шахсии падарам бист килограмм маводи мухаддир пайдо кардаанд. Падарам дар зиндон буду мо дар оташи ғам месӯхтем. Гуландом бошад аз фурсат истифода бурда, хонаи чорҳуҷрагии моро, ки дар пойтахт буд, ба савдо гузошт.
Вай ба модарам ваъда дод, ки хонаи худашро ҳам фурӯхта, падарамро аз зиндон мебарорад. Амакҳоям тамоми пасандозашонро ба маблағи шаст ҳазор доллар бароварда ба дасти ӯ доданд, вале ин фоҳишаи хонасӯз ҳамаи моро ба қавли русҳо «кидат» карда, ғайб зад.
Падарамро ба муҳлати ҳабдаҳ сол равонаи зиндон намуданд, Гуландомро бошад, гӯё замин ба комаш кашида бошад, касе даракашро намедонист.
Ҷавонмарг
Баъдтар фаҳмидем, ки Гуландом дар Маскав шавҳари аз худаш бист сол ҷавон карда, пулҳои моро хӯрда гаштааст. Падарам инро шунида, ба касали дил печид ва баъди чор соли дар зиндон будан оламро падруд гуфт. Ҷасади падари ҷавонмаргамро ба деҳа оварданд. Хурду калон дар азои ӯ ашк мерехтанд. Як марди чорпаҳлӯи боақл, насиҳатгари садҳо кас, шахсе, ки гиреҳи даҳҳо ҷиноятро кушода буд, асири доми фоҳишае гашта, умрашро барбод дод.
Имрӯз ҳамаи мо соҳиби хонаю дари обод ва зиндагии осоиштаем. Шукри модари аламкашидаамон, ки ҳамеша роҳбару раҳнамои мост, вале ҳар гоҳ падарам ба ёдам расад, дилам чунон ба дард меояд, ки гӯё касе ба синаам корд зада бошад. Гоҳе аз модарам домангир мешавам, ки натавонист шавҳарашро бо шаттоҳию ҷангу ҷанҷол аз доми фоҳишаҳо раҳо кунад, гоҳи дигар Гуландоми фоҳишаро, ки имрӯз ба Ватан баргашта ҳамроҳи фарзандонаш зиндагӣ дорад, дуои бад мекунам, аммо чӣ фоида?! Падарамро хомии худаш зери хоки хунук бурд, сияҳному гумном кард…
Маҳдия,
вилояти Хатлон