Фарзанди ягонаи волидайнам будам. Бо розигии онҳо бо духтари дӯстдоштаам оила барпо кардам. Муддате нагузашта падару модарам ба садама дучор шуда вафот карданд.
Пас аз марги падару модарам рӯз то рӯз дигар шудани рафтори ҳамсарамро дида ба хулосае омадам, ки ӯ ба ман хиёнат карда истодааст. Аз ин рӯ “ман имрӯз дар вакзал навбатдорам ва имшаб ба хона намеоям” гӯён аз хона баромада рафтам. Баъдан шабона омада пинҳонӣ хонаро назорат кардам, ки ҳамсарам дар вақти набудани ман чӣ кор мекарда бошад? Қариб соатҳои даҳи шаб ба хона як марди бегона даромад. Ҳамсарам бо ӯ пурсу поси гарме кард, сипас ҳарду оғӯшкунон ба хона даромаданд. Ман оҳиста аз тиреза нигоҳ кардам, ки ҳар ду ҳам урён буданд. “Эй лаънатӣ, ҳоло ту ба ман хиёнат мекунӣ” гӯён, ҳам завҷаам ва ҳам он мардро то холӣ шудани дилам задам. Ба ин ҳам дилам хунук нашуд ва “дар назди халқ шарманда шавад” гӯён ҳардуро ба дарахти чормағз бастам. Баъди ду-се рӯз онҳоро кушта дар таги дарахти чормағз гӯр кардам. Саҳар хеста бинам аз дарвоза занам даромада омад, ӯро дошта боз задам ва ба қатл расонидам. Пас аз куштан бинам ӯ ҳамсари ман не, балки ҳамсоязан будааст. Танҳо ба назарам чунин намудааст. Ҳамин тариқ дар байни 5 сол ман 17 занро дар симои ҳамсарам дида ба қатл расонидам. Ҳама маро девона фикр мекарданд, аммо касе аз корҳои кардаам хабар надшт. Мардум аз пасам ҳар хел гапҳо мегуфтанд, аммо касе бо ман дӯстию наздикӣ кардан намехост. Ман ҳам худро аз ҳама дур гирифта, бо одамон рафту омад намекардам, агар касеро бинам, ба ҳамсарам монанд карда мекушам, гӯён, аз ҷамъият дур мегаштам. Аз чӣ сабаб бошад, ки вақтҳои охир ба гӯшам овози ҳамсарам зиёд мерасад... Ана касе дари таҳхонаро мекушояд, шарфаи пой ба гӯшам мерасад. Ин ҷоро ғайр аз ҳамсарам касе намедонад... Дар кушода шуд, ҳамсарам бо либоси сафед ба таҳхона даромад....”
Давоми хотирот нонавишта монда буд. Содиқ “Аз ин мебарояд, ки ҳамин замон ӯ ҷон ба Ҳақ таслим кардааст ва аз ҳамон вақт инҷониб ҷасадаш дар ҳамин ҷо монда аз он тарҳо ҳамин скелет боқӣ мндааст”-гӯён, аз нав барои кушодани даричаи таҳхона шурӯъ кард.
Хушбахтона, дар кушода шуд ва Содиқ аз ин таҳхонаи пур аз сирру асрор баромад.
Ӯ белро гирифта ба кофтани таги чормағз шурӯъ кард. Баъди чанд метр кандан нӯги бел ба пораи латта бархӯрд. Ҳамин замон аз дар Зарифа даромада омад ва шавҳарашро дида хушҳол шуд.
Содиқ аз кушода шудани дарвоза як қад парид, охир бе ин ҳам матои гулдори таги чормағз ӯро тарсонда буд.
Зарифа якбора ба куҷо ғайб задани шавҳарашро пурсон шуд, вале Содиқ "занакҷон, ҳамаашро баъд мефаҳмонам"-гӯён ба пурсишҳои Зарифа ҷавоби муғлақ дода, фармуд, ки зудтар чизу чораашро ҷамъ кунад.
Ҳамин тавр онҳо аз ин хонаи сард, ки ба қабристон табдил ёфта буд, кӯч бастанду баъди чанд вақт фарзандашон ба дунё омад.
Содиқ ва Зарифа дар он хонаи пурасрор шоҳиди воқеаҳои даҳшатбори ғайри оддӣ гашта бошанд ҳам, боз худоро шукр мегуфтанд, ки туфайли ҳаимн хна соҳиби фарзанд гашта, аз азби бефарзандӣ ва таънау маломати мардум раҳоӣ ёфтанд. Зану шавҳари хушбахт хотироти бади зиндагии худро ба олами фаромӯшӣ афканда, ҳамроҳи кӯдаки навзодашон ҳаёти нав оғоз карданд...
Абдуғаффор Шодиев
(Тарҷума аз ӯзбекӣ)