Дар хона ҷевони калоне мавҷуд буд, ки дар он либосҳои мардонаи зиёде овезон буданд.
Зану шавҳар хонаҳоро синчакорона аз назар гузаронида ба ҳуҷраи хоб даромаданд. Зарифа кунҷковона аз шавҳараш пурсид:
-Содиқҷон, ба соҳибони хона чӣ гап шуда будааст?
Содиқ каме сукут кард. Вай худ ба худ андеша мекард, ки агар ба занаш соҳибхона ҳамсарашро кушта, худаш ғайб задааст гӯяд, шяд занаш тарсида минбаъд дар ин ҷо зистан нахоҳад. Хеле аншедакарда, ӯ ба хулосае омад, ки ҳақиқатро аз Зарифа пинҳон доштан беҳтараст ва “фарзанд надоштаанд. Бо мурури замон синну солашон ба ҷое расидаасту вафот кардаанд” гӯён, ба ин мавзуъ хотима гузошт....
ххххххх
Зарифа саҳар барвақт хеста ба рӯбучини хона машғул шуд. Зане, ки дар ҳамсоягии онҳо зиндагӣ мекард, ӯро дида қариб буд аз тарс беҳуш шавад.
-Салом ҳамсоя! Ба фикрам Шумо нав кӯчида омадаед. Ин ҳавлиро харидед?
- Не, мо иҷоранишинем.
- Ҳаа, ин тавр гӯед. Дар ин хона, дар байни 20 сол бисёриҳо зиндагӣ карданд. Аммо ҳамагӣ зуд ин маконро тарк карданд. Зарифа дар ҳайрат афтида пурсид:
-Чаро зуд мерафтаанд, апаҷон?
Ҳамсоязан аз ҳақиқат огоҳ набудани Зарифаро пай бурда, бадоҳатан гуфт:
-Хонаро бинед, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Дар ин гуна хона кӯ ҳам сабр карда, зиндагӣ мекунад!? Шумо ҳам баъди андак зистан ин ҷоро тарк мекунед!
Ҳамсоязан тарсу будани Зарифаро аз нигоҳи ҳаросонаш пай бурда, дар бораи собиқ соҳибхона чизе нагуфт.
ххххххх
Тақрибан баъди як моҳи зиндагӣ кардан дар ҳавлии нав Зарифа ҳомила шуд. Хурсандии ин зану шавҳари дар ҳасрати фарзанд ҳадду канор надошт, то замоне, ки як воқеаи ғайри чашмдошт рух дод...
хххххххх
Зарифа қариб ҳаррӯз аз хобаш тарсида мехест. Касе дар хоб ӯро доим "аз ин ҷо даф шав" гуфта метарсонд, аммо ҷавонзхан ба ин чандн аҳамият намедод, вале...
Як бегоҳ ҳангоми дар кор будани Содиқ садои тақ-тақи дарвоза ба гӯш расид. Зарифа аз ошхона баромада дарвозаро кушод. Ба атроф нигарист, ки касе нест. Каме тарсида дарро маҳкам карду рафтани шуд, аммо садои тақ-тақи дар боз такрор шуд. Зарифа тарсону ларзон дарро кушод. Дар рӯ ба рӯяш як марди сиёҳҷомаи кулоҳдор рост истода буд. Вай бо ғазаб ба Зарифа як нигоҳи тез афканд ва чизе нагуфта рост ба тарафи дарахти чормағзе, ки дар мобайни ҳавлӣ руста буд, рафт.
Зарифа ин ҳолро дида, дасту по хӯрд. Ба дод гуфтан ҳам мадораш намерасид. Тамоми баданашро арақи сард пахш кард.
Ҳамин замон Содиқ аз дарвоза даромада омад. Зарифа як лаҳза ба шавҳараш нигоҳ карда, дубора бо гӯшаи чашмаш ҷониби дарахти чормағз нигарист, вале сиёҳҷомаи кулоҳдор аллакай ғайб зада буд.
Зарифа ҳунггосзанон гирист ва воқеаи ҳамагӣ чанд лаҳза пеш рухдодаро ба шавҳараш нақл кард.
хххххххх
Пагоҳирӯзӣ Содиқ ба кор рафтанӣ буд, аммо Зарифаи ҳомиларо танҳо гузоштан барояш мушкил буд. Зарифа хуб меднист, ки агар шавҳараш ба кор наравад, мумкин аст, ки ӯро аз кор пеш кунанд, бинобар ин, барои ба кр рафтани ӯ розигӣ дода, илтиҷоомез гуфт:
-Фақат барвақттар баргардед, чунки дар набудани шумо дар ин ҷо воқеаҳои ғайри чашмдошти зиёде рух медиҳед.
Содиқ “ натарс, ҳаракат мекунам, ки зудтар баргардам” - гӯён баромада рафт....
хххххххх
Содиқ ба корхона расида аз ҳамкораш Одил хоҳиш кард:
-Одилҷон ба ман дар бораи собиқ соҳибони хона нақл кунед. Дар асл ба онҳо чӣ шудааст?
-Дар бораи кадом соҳибхона? Ҳамон хонае ки худатон зиндагӣ мекунед?
- Бале, ҳамон хона.
- Чӣ шуд тинҷӣ аст ё.... ?
- Тинҷӣ, танҳо хостам дар бораи онҳо бифаҳмам.
- Рости Содиқҷон ман ҳам дар бораи онҳо маълумоти пурра надорам. Аз шунидаҳоям танҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки соҳибхона рӯзе дар корхона навбатдор буданашро ба занаш мегӯяд, лекин бо кадом сабабе ба ҷойи ӯ дигар кас навбатдор мешавад. Соҳибхона вақте ба хона меояд ҳамсарашро бо дигар мард мебинад ва ҳардуро то холӣ шудани дилаш зада, баъдан онҳоро дар ҳолати урён ба дарахти чормағз мебандад. Пас аз се рӯз ҳамсояҳо мебинанд, ки онҳо ғайб задаанд.
(Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев
(Тарҷума аз ӯзбекӣ)