Commerc banl
Хоҳаршӯй не, балои дупо
48

Дар дақиқаҳои пурфайзе, ки мо мардуми мусулмон ба умеди кушоиши ризқ сари дастархони ифтор менишастем, занги телефон садо дод. Аз ватан садои гиряолуде омад, садои як хоҳари панҷакентии мо, ки солҳост мухлиси қиссаҳои ман будааст.

- Апаҷон,- мегуфт ӯву садояш дар миёни ҳиқ-ҳиқ гум мешуд,- шумо ҳамеша мегӯед, ки сабр кун, хоҳарам, аз сабр ҳалво мепазад. Аммо дар деги зиндагии ман аз сабр ба ҷойи ҳалво заҳроб ҷӯшида истодааст.

Ин хоҳари мо, ки У ном доштааст, аз золимии хоҳаршӯву бепарвоии шавҳару хушдоман шикоят кард. Дарди ин ҷавонзан ба устухон расида:

- Ду рӯз шуд, ки хоҳаршӯям аз ҳамсоягӣ медарояду маро дар вақти даҳонкушоӣ аз сари дастурхон пеш мекунад. Намегузорад, ки як луқма нони бо меҳнат пухтаамро ба даҳон барам. Ду рӯз боз гушнаам, апаҷон. Шавҳарам бошад, гӯё дар даҳонаш об гирифтаасту лаб намекушояд. Охир, то кай тоқат кунам?

Бовар кунед, азизони ман, ин афсона нест. Дар ин айёми муборак, ки бояд дилҳо нарм бошанд, ҳанӯз ҳам дар байни мо оилаҳое ҳастанд, ки келинро на ҳамсару ҳамбол, балки як канизаки безабон меҳисобанд.

Магар мумкин аст, ки инсони рӯзадорро аз ризқи додаи Худо маҳрум кард? Магар мешавад, ки мард дар хонаи худ чун ҳайкали беҷон истода, хор шудани модари фарзандонашро тамошо кунад?

Ин ҷо дигар сухан аз сабр нест, сухан аз беинсофист. Сабр барои сахтиҳои қисмат аст, на барои зулми бандаи гумроҳ.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД