Formula novemver 2024
ХОҲАР БА ХОТИРИ ҶАВОНИ ДӮСТДОШТААШ АПААШРО КУШТ (ҚИСМИ 2)
05.03.2021
ОТИФ
5441

ДАВОМАШ....

Чашми ҷавонон ба хӯрд. Ҳарду ҳам лол шуданд.Аммо нигоҳҳои пур аз муҳаббат,табассуми малеҳ беихтиёр онҳоро ба ҳам наздик намуд.

-Тӯй ҳам наздик мешавад,-канда-канда гуфт Шокир.

-Ҳа. Тӯйи шумо кай доир мегардад?

-Намедонам.Туро дӯст медорам. Бо ту будан мехоҳам.

-Ман ҳам,-баногоҳ гуфт Малика. Онҳо ба ҳам қавл доданд,ки шаб дар қафои мағозаи вайрона вомехӯранду аз хусуси вайрон кардани тӯйю роҳи ба висол расидани худашон гап мезананд.

-Ҳамон шаби тирамаҳтоб, ёздаҳ шаб қабл аз баргузории шаби тӯй ду тан ба ҳам даромехт. Тане аз ишқ тиҳиву ғарқи ҳавасҳо ва тане моломол аз ишқу орзуҳо. Шабҳои баъдӣ ҳам Маликаю Шокир аз лаззати васл ком мебардоштанд.Вале оиди вайронкунии тӯйи Малика бо хешписар ҳарфе намегуфтанду чорае намеандешиданд. Шаби тӯйи Малика даррасид. Тӯй бо дабдабаю шаҳомат даргузашт. Ҷуз Шокир ҳама хурсандиву шодӣ доштанд.Малика аз зери ҷодари арӯсӣ шокирро пайдо карда, оҳиста табассум карду ду ангушташро ба лабҳои сурхкардааш часпонда, бӯсаи ҳавоӣ фиристод. Шокири маъюс зӯран табассум кард ва ким-чи хел чашмаки зад. Ин ҳама аз назари Оқила пинҳон намонд. Оқила,ки то ин дам ишқашро аз дигарон пинҳон медошт,назди он ҷавон омаду ӯро ба рақс даъват кард ва дар “Гулбазм” ҳам барояш шеъри ошиқонае хонда, ”Илоҳо мову ту якҷо бошем”-гуфт. Ҳамон шаб дар қафои ҳамон мағозаи вайрона дар ҷои апа хоҳари ӯ Оқилаи дунёбехабар ба мулоқот даъват шуд. Шокир ба Оқила гуфт,ки ҳаёти ӯро сӯзонданӣ нест. Оқила духтари хуб аст. Ӯ аз апаи хиёнаткораш ба куллӣ бартарӣ дорад. Ишқро муқаддас меҳисобад ва ҳаргиз онро ба бухлу рашку ҳасад намеомезад.

-Ту чиҳо мегӯӣ,апаам бо номи нек аз даргоҳи падар баромад. Ӯ ишқи туро напазирӯфт, ин гуноҳ нест, исрор мекард оқила.

Шокир чизе нагуфт. Чӣ ҳам мегуфт? Малика дар хонаи шавҳараш танҳо як шаб “меҳмон” шуд. Шаби дуввум ӯро шавҳараш”нодухтар” гуфта,шармандавор аз хона ронд. Қудоҳо волидадайнашро даъват намуда,ҷиҳозашро дар як мошин бор карданду бо таънакашиҳо гуселашон намуданд. Оқила,ки ба гапҳои Шокир бовар накарда буд,акнун мехост асрори нодухтар шудани апаашро бифаҳмад. Малика зери шаттаву шалоқи волидайн иқрор шуд,ки мақсадаш резонданиобруи худу волидон набуда,танҳо мехост самари дарахти ишқи хоҳарашро қаблан чашад. Ӯ Шокирро дӯст надошта буд ва дӯст намедорад. Оқила инро шунида,зор-зор ба гиря даромад. Ба ҳоли ишқи покаш дилаш сӯхт. Эҳсос кард, ки лаҳза ба лаҳза ҷои онро бадбинӣ мегирад.”Интиқом,-интиқом”.Ин калима даври забонаш мегашт. Аммо бо тавбакуниҳо худро қадре ором менамуд. Шокир бозгашти Маликаро шунида,худро аз духтарон дур гирифт. Ба модарашгуфт,ки розӣ аст бо хости модар амал карда, холазодаи худро ба занӣ бигирад. Чунин ҳам шуд. Хоҳарони таҳқирдида бошанд,забон як карда, ба интиқомгирии ошиқи ношуд камар бастанд. Малика Шокирро ба мулоқот даъват кард.Оқила онҳоро дар ҳамон мулоқотгоҳ мунтазир шуд. Дар хилвате худро пинҳон намуда, гумон кард,ки апааш ба вай шарик асту дукаса таноби ҷавони саркашро мекашанд. Аммо бар хилофи ин ҳама Малика дар пеши назари хоҳараш ба Шокир ҳавасбозона бӯсаҳо медод,ба ӯ мадад менамуд, то бараҳнааш созад. Оқила гоҳ чашмонашро нимпӯш ва гоҳе калон кушода, манзараи мислаш надидаро тамошо мекард. Духтар хомӯшона ашк рехт. Гирист-гиристу яку якбора ба хашму ғазаб омад. Ҳарду корди барои куштори Шокир овардаашонро ба сар бардошта,сӯи апаи беҳаёяш давид ва бо тамоми қувват ба шикаму китфи ӯ кор зад.Шокир бо таҳлука Оқиларо зада,ба замин афтонд.

-Чӣ кор кардӣ? Апаатро куштӣ! -паст,вале бо шиддат гуфт қавон. Чашмони Оқила бо ҳайрат ва тарс гоҳе ба ҷавон ва гоҳе ба тани бараҳнаи ғарқи хуни апааш дӯхта шуд. Малика хир-хир нафас мекашиду маҷолаш рафтаравон меҷунбид.

   Шокир кордҳои дар китфу шикам духтар калавандаро кашида,аввал аз ҷои ҳодиса гурехтанӣ шуд,аммо аз тарси фош шудани сирашон,баргашта, Маликаи байни ҳаётумамот қарордоштаро ҳафт корди дигар зад .Ба мурдани духтар итминон ҳосил карда, вайдар наҳрак дасту рӯй шусту ба Оқила амр кард, ки ҳарчи зудтар рафта, дар ҳуҷрааш бихобад ва субҳи барвақт дари ҳуҷраи волидонашро кӯфта,нопадид гаштани апааш дарак диҳад. Оқила чунин кард. Гуфт,ки шабе пеш аз ин ба паси дарахтон омадани собиқ шавҳари апаашро дида буд. Волидайн бо гумони он ки духтарашонро собиқ шавҳараш ба хнааш бурдааст,ба маҳаллаи боло рафтанд. Дар онҷо ҳамагонро ин хабар ба ханда овард.

-Агар духтаратон покдоман мебуд, мо ӯро аз хона берун намекардем. Чӣ зарурат дорад, ки баъди чунин бешарафиҳо боз шабона ӯро дӯздида ба хонаамон орем?-гуфтанд қудоҳо.

Мурдаи Маликаро субҳи ҳамон рӯз ёфтанд. Домоди ба тӯҳмат гирифторшуда се шабонарӯз дар шӯъбаи нигаҳдории пешакии ҷинояткорон боздошта шуд.Пурсишу санҷишҳо натиҷаи дилхоҳ надод. Модари Оқила ба муфаттишон аз ишқи Шокир ба Малика, хостгории ӯ ва ишқи Шокир нақл кард. Ҷавононро ба шӯъбаи тафтишоти корҳои дохилӣ оварданд. Оқила ба ҳама гуноҳояш иқрор шуда, гуфт ки мақсадаш Маликаро не, балки бо апааш як шуда,Шокирро нобуд сохтанӣ буд. Чунки Шокир дидаю дониста апаашро бадном ва ӯро дар роҳӣ ишқ саргардон кард.Ҳардуҳам ҷазои сазовор гирифтанд. Аммо мақсад аз нақли қиссаамон гуфтани он ки ду хоҳари ҳамхун ба ҳам кинаву адоват варзиданд ва ба номи поки авлодашон иснод оварданд.     
 

АНҶОМ!

                Таснифи Отиф!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД