Formula novemver 2024
Хизмати пулакӣ дар соли 2024 қимат мешавад
1412


Нархи хидмати алтернативии ҳарбӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-январи соли 2024 ба андозаи 3 ҳазор сомонии дигар афзоиш хоҳад ёфт.

Болоравии қимати хизмати пулакӣ дар ҳайати сафарбаркунӣ ба зиёд шудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо вобастагӣ дорад, ки аз аввали соли оянда 4 сомонӣ зиёд шуда, ба 72 сомонӣ баробар мегардад.
Бояд гуфт, ки аз 1-уми сентябри соли равон арзиши хидмати пулакӣ дар ҷумҳурӣ 750 нишондиҳанда барои ҳисоб муқаррар гардида, 51 000 сомониро ташкил медод.

Қаблан маблағи пардохти хидмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои сафарбаркунӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил дода, он ба 28 ҳазору 560 сомонӣ баробар буд.

Ҳамин тавр, аз аввали соли оянда нархи хизмати пулакӣ ба 54 ҳазор сомонӣ баробар хоҳад шуд. Ахиран дастур шуд, ки аз ҳисоби ин маблағҳо аз ҷумла фурудгоҳҳои маҳаллии Тоҷикистон, ки ба тавозуни Вазорати мудофиа гузаронда шуданд, обод карда хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар маъракаи даъвати баҳории соли 2023 дар маҷмӯъ 1 500 ҷавони синни даъватӣ бо пардохти қариб 43 млн сомонӣ ба хидмати ҳарбии пулакӣ ҷалб шуда буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД