18- уми август ҳамасола дар тамоми ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мешавад. Бахшида ба ин рӯз дар кишвар чорабиниҳои зиёд доир мегардаду собиқадорони соҳа аз ҷониби роҳбарият аёдату қадрдонӣ мешаванд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем дар ин рӯз аз рӯзгори собиқадори ин пеша Мавлуда Обидова барои хонандагони сомона қисса намоем.
Мавлуда Обидоваи 70-сола муддати 45 сол мешавад, ки дар соҳаи тиб фаъолият дорад. Ӯ то имрӯз сабабгори шифоёбии ҳазорон бемор гардида, ба дарду ранҷи чандинҳои дигар даво бахшидааст. Мардуми шаҳри Истаравшан ҳамеша аз забони ширину дили пурмеҳри ин бонуи накӯхислат ёд мекунанд, зеро дастони дармонбахшу маслиҳатҳои оқилонааш борҳо марҳами дардашон гардидааст.
Мавлуда аз хурдӣ мехост табиб шаваду ба дардмандон даво бахшад. Ба бар кардани хилъати сафед орзуи ҳамешагиаш буд. Аз ин рӯ, пайваста китобҳоеро, ки барои дармони дардмандон навишта шуда буданд, мутолиа мекард. Вале солҳое, ки қаҳрамони мо таҳсилашро давом додан хост, на ҳама барои хондани духтарон бо назари нек менигаристанд.
“Падарам дар аввал розӣ набуданд, ки ман дар ягон даргоҳи илм таҳсил намоям. Рӯзе ба директори мактабамон вазъиятро фахмонидам ва гуфтам, ки мехоҳам табиб шавам, вале падарам барои ин зид аст. Бо амри тақдир падарам ва муаллимамон дар як маъракае ҳамнишин мешаванду муаллим падарамро барои идома додани таҳсилам розӣ мекунанд. Ҳамин тавр, бо розигии падарам дар соҳаи дӯстдоштаам хондам", - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Назар ба гуфти мусоҳибамон, вақте падараш мебинад, ки ҳазорҳо нафар аз дастонаш шифо меёбанду дар ҳаққаш дуо мекунанд, хушҳол гашта, фотиҳа медиҳад, ки дар роҳи интихобкардааш ҳамеша муваффақ бошад. Ҳамин тавр, қаҳрамони мо дар соҳа қариб ним аср кор кард. Ба гуфти ӯ, хилъати сафеди духтурон нишонаи дилу нияти поки онҳост.
Мавлуда Обидова соли 1975 филиали Омӯзишгоҳи тиббии ба номи Павловро, ки он вақт дар шаҳри Истаравшан амал мекард, хатм намуд. Пас аз хатм дар шӯъбаи якуми бачагона фаъолияташро оғоз намуд. Дар муддати кӯтоҳ ӯ сарпарастори шӯъбаи эҳёи бачагона таъин гардид ва бо азму иродаи қавию дилу нияти пок ин масъулиятро ба зимма гирифт.
Қаҳрамони мо соли 1990 дар замони ҷанги мудҳиши шаҳрвандӣ низ ҳамроҳи халқ буд. Ҳарчанд, он солҳо барои табибон маош набуд, вале софдилонаву содиқона барои ин миллати бузург кор кард.
“Замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои ҳама вазнин буд. Аз як тараф гуруснагӣ, аз тарафи дигар нооромӣ ҳама ҷоро фаро гирифта буд. Ҳамарӯза назди остонаи беморхона беморон меомаданд. Он вақт бештар кӯдакон аз камчинии ғизо зуд-зуд бемор мешуданд. Барои табобати онҳо доруи кофӣ ҳам набуд. Бар замми ин, кадр намерасид. Баъзан як табиб 2-3 рӯз пайи ҳам шабона навбатдорӣ мекард, ҳарчанд маош намегирифт. Вале барои солимии миллат ройгон бошад ҳам кор мекардем. Ба ояндаи неки давлати азизамон бовар доштем. Мана, шукронаи истиклолият ва тинҷиву оромии диёри азизамон, ки имрӯз сари ҳар қадам дорухона ҳасту беморхонаҳои замонавӣ бо беҳтарин шароитҳо амал мекунанд”, - изҳор дошт ҳамсӯҳбати мо.
Назар ба гуфти қаҳрамони мо, шавҳараш Султонбек ҳар лаҳза дар паҳлӯяш буду дастгириаш мекард. Ҳатто агар бемороне вақту бевақт ҷеғ зананд, барои муоинаи онҳо бо нақлиёти худ занашро мебурд. Ба қавли ӯ, дараш барои беморон боре ҳам баста набуд. Ӯ табобатии беморро аз ҳама чиз боло медонист.
Соли 2014 Мавлуда Обидова ба нафақа баромад. Вале то ҳол беморони зиёде наздаш мераванду сӯзандору мегиранд. Ба қавли онҳо, Мавлудабону сӯзандоруро бе озор мегузаронад.
Қаҳрамони мо, ғайр аз ин, солҳо барои табобати беморон ба хонаҳояшон рафтааст. Барояш рӯзҳои гарму сард аҳаммият надоштанд, зеро мақсаду мароми ҳамешагиаш табобат кардани бемор буд.
Мавлуда Обидова то имрӯз шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Ҳамзамон, духтару набераҳояш дар ин соҳа таҳсил карда, айни ҳол дар хизмати халқ қарор доранд.
Аз идора: Мо кормандони сомонаи Oila.tj дар симои қаҳрамони худ барои тамоми табибони ҷумҳурӣ изҳори сипос менамоем ва онҳоро бо иди касбиашон табрик мекунем. Идатон муборак, фариштагони наҷот!