Дар арафаи иди Наврӯз роҳбарияти тарабхонаи туркии «Ozyurt», ки дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад, барои 200 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд буда, дастурхонаи хайриявӣ кушод.
Барои фароҳам овардани фазои идона барои ин кӯдакони бемор дар чорабинӣ Маркази дилхушии кӯдаконаи “Мадагаскар” иштирок намуда, бо бозиҳои шавқовар ва хушҳолкунандаашон табъи иштирокчиёнро болида гардониданд ва рақсу сурудхонӣ карданд.
«Ozyurt» тарабхонаи туркӣ буда, аз соли 2022 дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро ба роҳ мондааст ва барои муштариёнаш хӯрокҳои лазизи туркиро мувофиқи табъ ва фармоиши онҳо омода ва пешкаш месозад.